Русия: Шӯришиёни сурӣ аз силоҳҳои шимиёӣ истифода карданд

  • 18 Сентябр, 2013
Сергей Рябков
Image caption Оқои Рябков гуфт Русия дар ҳоли арзёбии асноди ироашуда тавассути Сурия аст

Сергей Рябков, муъовини вазири умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки кишвараш асноде аз истифодаи шӯришиёни сурӣ аз силоҳҳои шимиёӣ дар даст дорад.

Оқои Рябков ҳамчунин гуфт, ки гузориши бозрасони Созмони Милал дар хусуси иддаъои истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия ‌сиёсатзада, муғризона ва яктарафа будааст.

Ӯ гуфт бозрасони Созмони Милал танҳо ба ҳамлаи рӯзи 21 август пардохтаанд ва аз таваҷҷуҳ ба се ҳамлаи пешин худдорӣ кардаанд.

Давлати Сурия мегӯяд асноди қатъӣ вуҷуд дорад, ки ин ҳамалоти шимиёӣ кори шӯришиён будааст ва ин аснодро дар ихтиёри Русия қарор додааст.

Оқои Рябков ба шабакаи телевизиюнии RT-и Русия гуфтааст, ки давлати Сурия далоил ва шавоҳиди худро ба Русия ироа дода ва Русия дар ҳоли арзёбии онҳо аст.

Бозрасони Созмони Милал гуфтаанд, ки дар ҳамлаи рӯзи 21 август аз зорин (гози аъсоб) истифода шудааст.

Бо ин ки гузоришгарони Созмони Милал чизе дар мавриди тарафи масъули ин ҳамлаи шимиёии нагуфтаанд, давлатҳои ғарбӣ муддаъии истифодаи нерӯҳои давлатии сурӣ аз гози сорин ҳастанд.

Дидабони ҳуқуқи башар, як Созмони ҳуқуқи башарии омрикоӣ низ гуфта аст "нишонаҳои қавӣ" вуҷуд дорад, ки рокетҳои ҳомили гози сорин аз самти як подгони низомӣ шиллик шудаанд.

Ихтилоф дар Шурои Амният

Панҷ узви доимии Шурои Амният (Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико) дирӯз - сешанбе дар хусуси пешнависи қатъномае дар бораи силоҳҳои шимиёии Сурия гуфтугӯ карданд.

Бритониё, Фаронса ва Омрико пешнависеро ба музокира гузоштаанд, ки бахшҳое аз он мавриди мухолифати Русия қарор гирифтааст.

Се кишвари ғарбии ироадиҳандаи пешнавис хостори таҳдид ба истифода аз қувваи қаҳрия алайҳи Сурия дар матни қатънома ҳастанд, аммо Русия мегӯяд судури қатънома дар бораи силоҳҳои шимиёӣ набояд тавъам бо таҳдиди ҳамлаи низомӣ бошад.

Русия ва Чин то кунун се бор аз тасвиби қатъномаҳои пешниҳодии давлатҳои ғарбӣ дар Шурои Амният ҷилавгирӣ кардаанд.

Матолиби муртабит