Ихтилофи назари Русия ва Фаронса дар мавриди қатъномаи Шурои Амният дар бораи Сурия

Вузарои умури хориҷаи Русия ва Фаронса дар пайи дидор ва музокираи имрӯз (сешанбеи 17 сентябр) дар Маскав, гуфтаанд ,ки ҳар ду кишвар дар мавриди зарурати таваққуфи саркӯб ва хунрезӣ дар Сурия ва нобудии таслиҳоти шимиёии он кишвар иттифоқи назар доранд.
Аммо ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ду кишвар дар бораи наҳваи дастёбӣ ба ин аҳдоф дидгоҳи муштараке надоранд.
Русия ҳамчунон муътақид аст, ки ҳамлаи шимиёӣ ба ҳумаи Димишқ дар 21 август иқдоме аз суи нерӯҳои шӯришии мухолифи ҳукумати Сурия буда, ки бо ҳадафи фароҳам овардани заминаи мудохилаи хориҷӣ дар ин кишвар сурат гирифт.
Аммо дар муқобил Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфтааст, ки гузориши рӯзи гузаштаи Созмони Милал тардиде боқӣ намегузорад, ки режими Башор Асад масъули ҳамлаи шимиёӣ аст.
Оқои Лавров дар поёни ин музокирот гуфт, ки ҳар гуна қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Милал дар мавриди таҳти кунтрул гирифтани таслиҳоти шимиёии Сурия набояд бо таҳдид ба иқдоми низомӣ ҳамроҳ бошад.
Ин дар ҳоле аст ки Фаронса талош мекард, ки Русияро ба ҳимоят аз чунин қатъномае тарғиб кунад.
Эҳтимоли эъзоми коршиносони таслиҳотии Бриториё
Уилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё тамоюли ин кишварро ба эъзоми коршиносони таслиҳотӣ ба Сурия барои кумак ба нобудии захоири таслиҳоти шимиёии ин кишвар иброз кардааст.
Оқои Ҳейг гуфтааст, ки давлати Бритониё ба унвони бахше аз як гурӯҳи байналмилалии тамоюл ба эъзоми коршинос дорад, аммо дар айни ҳол гуфт, ки аз нерӯҳои бритониёӣ барои ҳифозат аз ин тим истифода нахоҳад шуд.
Вазири умури хориҷаи Бритониё афзуд мо нерӯҳои Бритониёро таҳти ҳеҷ шароите ба Сурия эъзом намекунем.
Рӯзи гузашта бозрасони таслиҳотии Созмони Милал расман таъйид карданд, ки дар ҷараёни ҳамлаи моҳи гузашта ба ҳумаи Димишқ аз гози сорин алайҳи шаҳрвандони ғайринизомӣ истифода шудааст.
