Бозрасони шимиёии Созмони Милал ба Сурия бозмегарданд

Бо вуҷуди ихтилофи назари қудратҳои ҷаҳонӣ бар сари наҳваи нобуд кардани таслиҳоти шимиёии Сурия, бозрасони Созмони Милал ба он кишвар бозмегарданд.
Манобеъи Созмони Милали Муттаҳид таъйид кардаанд, ки рӯзи чаҳоошанбеи 25 сентябр ҳайъати бозрасони таслиҳоти шимиёии Созмони Милал ба манзури баррасии иттиҳоми корбурди ин навъ таслиҳот дар нуқоти мухталифи Сурия ба он кишвар бозмегарданд.
Бозрасони Созмони Милал пештар гузориши худ аз ҳамлаи шимиёӣ ба яке аз манотиқи наздики пойтахти Сурияро, ки дар рӯзи 21 август рӯй дод, ба дабири кулли Созмони Милал ироа додаанд. Дар ин ҳамла садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдаки сурӣ ҷони худро аз даст доданд.
Барномаи дидори ҷадиди бозрасон шомили таҳқиқ дар мавриди корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар се нуқтаи дигари Сурия аст, ки нисбат ба ҳамлаи моҳи август абъоди кучактар ва талафоти камтаре доштааст.
Гуфта шуда, ки дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия, маводди шимиёӣ дасти кам дар ҳаждаҳ нуқтаи дигар мавриди истифода қарор гирифта, дар ҳоле ки ҳам давлат ва ҳам мухолифони давлат якдигарро масъули ин ҳамалот қаламдод кардаанд.
Нуқоти мавриди боздиди бозрасон дар маъмурияти ҷадид дар наздикии шаҳрҳои Ҳалаб, Ҳумс ва Димишқ воқеъ шуда ва маъмурияти бозрасон ҳамонанди маъмурияти қаблӣ сирфан шомили ташхиси корбурди таслиҳоти шимиёӣ аст ва таъйини масъулияти чунин иқдоме дар дастури кори онон қарор надорад.
Давлатҳои ғурбӣ ва шуморе аз кишварҳои Араб ҳукумати Сурияро масъули ҳамалоти шимиёӣ, бахусус ҳамлаи рӯзи 21 август донистаанд ва авоили моҳи ҷорӣ, Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари ғарбӣ эълом кардаанд, ки ба манзури танбеҳи ҳукумати Сурия, дар садади анҷоми "амалиёти низомии маҳдуд" алайҳи он кишвар ҳастанд.
Ихтилофи назар дар Созмони Милал
Бо эъломи мувофиқати давлати Сурия бо тарҳи Русия барои қарор додани зарродхонаи таслиҳоти шимиёии он кишвар таҳти назорати байналмилалӣ, амалиёти низомӣ ба иҷро дарнаомад, аммо ҳанӯз Русия ва кишварҳои ғарбӣ бар сари наҳваи амалӣ шудани ин тарҳ ба тавофуқ нарасидаанд.
Кишварҳои ғарбӣ ва араб таъкид доранд, ки ба манзури итминон аз амалӣ шудани таъаҳҳуди давлати Сурия ба нобуд кардани таслиҳоти шимиёӣ судури қатъномаи Шӯрои Амният дар ин замина лозим аст. Ба гуфтаи онон чунин қатъномае бояд таъкид кунад, ки худдории ҳукумати Сурия аз амал ба таъаҳҳуди нобуд кардани зарродхонаи шимиёии худ бояд бо вокуниши тунди ҷомеъ и ҷаҳонӣ рӯбарӯ шавад.
Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки қатъномаи мавриди назар бояд таҳти фасли ҳафтуми маншури Милали Муттаҳид роҷеъ ба масъулияти Шӯрои Амният дар қиболи ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ содир шавад, то аз назари ҳуқуқи байналмилал лозимулиҷро бошад ва тахаттӣ аз он танбеҳотеро дар пай оварад. Дар муқобил Русия муътақид аст, ки судури қатъномае таҳдидомез қабл аз ин ки давлати Сурия муртакиби иқдоми хилофе шуда бошад, муваҷҷаҳ нест.
Рӯзи гузашта вазирони умури хориҷаи Омрико ва Русия дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ дар Ню-Йурк бо якдигар мулоқот ва аз ҷумла дар марвиди ихтилофи назар перомуни пешнависи қатъномаи Шӯрои Амният музокира карданд. Вазири хориҷаи Русия ин мулоқотро "самарабахш" тавсиф кард, аммо ду тараф ҳанӯз дар мавриди муҳтавои қатъномаи Шӯрои Амният ба тавофуқ даст наёфтаанд.
Ҷанги дохилии Сурия аз ҷумлаи мавзӯъоте буд, ки дар бархе суханрониҳои аслӣ ва изҳори назари раҳбарон ва мақомоти кишварҳои мухталиф дар ҷараёни иҷлоси Маҷмаъи Умумӣ матраҳ шуд.
