Муъовини нахуствазири Сурия: Башор Асад омодаи пазириши оташбас аст

  • 20 Сентябр, 2013
Image caption Назароти Ҷамил (рост) ба унвони муътамади Русия дар Сурия маъмулан боаҳаммият талаққӣ мешавад

Як мақоми аршади давлати Сурия аз омодагии ҳукумти ин кишвар барои барқарории оташбас дар ҷанг бо мухолифони мусаллаҳ сухан гуфтааст.

Рӯзномаи Гордиян, чопи Бритониё, дар шумораи рӯзи 20 сентябр матни мусоҳибаи Қадрӣ Ҷамил, муъовини нахуствазири Сурияро мунташир карда, ки гуфтааст ҷанг байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ ба бунбаст расида ва ҳукумат омода аст оташбас дар ин ҷангро бипазирад.

Ба гуфтаи вай, Башор Асад, раиси ҷумҳурӣ, дар иҷлоси байналмилалии Сурия, мавсум ба Женев-2 пешниҳод хоҳад кард, ки байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ оташбас барқарор шавад. Ин иҷлос тарҳи муштараки Омрико ва Русия аст ва қарор аст бо ширкати қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақаии таъсиргузор бар буҳрони Сурия дар Женев баргузор шавад, аммо ҳанӯз таърихи мушаххасе барои он таъйин нашудааст.

Муъовини нахуствазири Сурия гуфтааст, ки ҳеҷ як аз ду тарафи ҷанг дар он кишвар тавоноии баранда шудан дар ин даргириро надоранд, дар ҳоле ки ҷанг ду сол идома дошта ва беш аз яксад ҳазор кушта барҷой гузоштааст.

Оқои Ҷамил, ки ба унвони муъовини иқтисодии нахуствазир масъули идораи умури молии Сурия аст, ҳамчунин гуфтааст, ки ҷанг "хисороти фоҷиъаборе"-ро бар иқтисоди ин кишвар ворид кардааст. Вай хисороти ин ҷангро то кунун ҳудуди яксад милиёрд дулор муъодили ду сол тавлиди дохилӣ бар шароити оддӣ тахмин задааст.

Қадрӣ Ҷамил дар тавзеҳи худ дар бораи оташбас афзудааст: "На мухолифони мусаллаҳ ва на ҳукумати Сурия тавоноии шикасти тарафи дигарро надорад ва тавозуни сифри қаво барои муддатҳо қобили тағйир нахоҳад буд".

Image caption Муъовини нахуствазири Сурия гуфтааст ҷанг ба бунбаст расидааст ва наҷоти кишвараш мусталзими таваққуфи даргирист

Ба гуфтаи муъовини нахуствазири Сурия дар сурати барқарории оташбас, лозим аст нерӯҳои байналмилалии псодори сулҳ аз кишварҳои бетараф бар ҳифзи ин оташбас назорат кунанд. Барқарории оташбас заминаи музокира барои ҳалли ниҳоии буҳронро фароҳам хоҳад кард.

Ин мақоми сурӣ гуфтааст, ки пас аз барқарории оташбас бояд дахолати хориҷӣ дар ҷанги дохилии Сурия мутаваққиф шавад ва як раванди сиёсӣ барои ҳалли ин буҳрон ба ҷараён афтад, зеро "танҳо ба ин тартиб аст, ки мардуми Сурия метавонанд бидуни мудохилаи хориҷӣ ва ба равише демукротик дар мавриди сарнавишти худ тасмимгирӣ кунад."

Изҳороти Қадрӣ Ҷамил бо мавзеъи эъломшудаи ҳукумати Сурия дар мавриди азм ба шикасти мухолифони мусаллаҳ ва идомаи ҳукумати Башор Асад ҳамсӯ нест, аммо бо таваҷҷуҳ ба мавқеъияти хосси оқои Ҷамил, бавижа иртиботи наздик бо давлати Русия, назароти ӯ маъмулан боаҳаммият талаққӣ шудааст.

Таваққуфи хушунат ва ҳалли буҳрон

Бо гузашти беш аз ду сол аз оғози буҳрони сиёсии Сурия ва кашонда шудани ин кишвар ба ҷанги дохилии тамомайёр, ин нахустин борест, ки як мақоми аршади давлатӣ аз имкони тавофуқи ҳукумат ва мухолифон бо оташбас ба манзури эҷоди шароити муносиб барои ҳалли мусолиматомези ин буҳрон сухан гуфтааст.

Image caption Бархе нозирон гуфтаанд фишори Русия барои канорагирии Асад метавонад заминасози ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия бошад

Дар айни ҳол, Қадрӣ Ҷамил танҳо яке аз ду узви кобинаи ғайривобаста ба ташкилоти ҳизби Баъси Сурия аст, ки соли гузашта ва дар пайи тасвиби Қонуни асосии ҷадиди ин кишвар ба давлат роҳ ёфтанд. Ислоҳи Қонуни асосӣ ба мавқеъияти инҳисории ҳизби Баъс хотима дод ва дар интихоботи порлумонии соли гузашта аҳзоби дигаре ҳам иҷоза ёфтанд ба таври мустақил дар ин интихобот ширкат кунанд ҳарчанд мухолифони ҳукумат ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ин интихобот аҳаммияте қоил нашуданд.

Оқои Ҷамил аз аъзои ҳизби кумунисти Сурия буд, аммо ҳамроҳи теъдоде дигар аз аъзо сенздаҳ сол пеш аз ин ҳизб ихроҷ шуд ва ҳизби дигаре бо номи Ҳизби Иродаи Халқро таъсис кард. Ин ҳизб яке аз ташкилдиҳандагони эътилофи мавсум ба ҷабҳаи халқ барои таҳаввул ва озодӣ аст, ки дар соли 2011 эҷод шуд ва дар интихоботи соли 2012 тавонист 5 курсӣ аз 250 курсии маҷлиси Сурияро ба даст оварда.

Бархе манобеъ Қадрӣ Ҷамилро аз муътамадони Русия дар Сурия қаламдод карда ва гуфтаанд, ки дидгоҳҳои ӯ метавонад бозтоби назароти давлати Русия бошад ё бар сиёсати Сурия таъсир бигузорад.

Пас аз оғози эътирозоти сиёсӣ дар Сурия дар соли 2011 оқои Ҷамил ва аъзои ҳизб ва тарафдорони ӯ дар тазоҳуроти аввалияи ҳукумат ширкат карданд ва зоҳиран ҳатто чанд тан аз онон кушта ва бархе дигар боздошт шуданд, аммо зоҳиран бо ташдиди хушунат ва бурузи даргирии мусаллаҳона вай ба унвони яке аз шахсиятҳои "мухолиф", ки ба ислоҳот дар чорчӯби низоми ҳукуматии феълӣ эътиқод доранд, ба фаъъолият дар дохили он кишвар идома дод.

Матолиби муртабит