Тавофуқи Омрико ва Русия дар бораи пешнависи қатъномаи Сурия

  • 27 Сентябр, 2013

Омрико ва Русия бар сари пешнависи қатъномае дар Созмони Милали Муттаҳид ба тавофуқ расидаанд, ки Сурияро муваззаф ба аз миён бурдани таслиҳоти шимиёии худ мекунад.

Диплумотҳои Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд қарор аст соъати 8-и имшаб ба вақти Ню-Йурк Шӯрои Амнияти СММ бо ташкили ҷаласае дар бораи пешнависи ин қатънома суҳбат кунад.

Тавофуқи Русия ва Омрико бар сари ин қатънома бунбасти дусолу нима дар Шӯрои Амният бар сари Сурияро шикастааст.

Аз оғози эътирозот дар Сурия Чин ва Русия се бор монеъи тасвиби қатъномаҳои Шӯрои Амният бо ҳимояти Ғарб алайҳи Димишқ шудаанд.

Илзомовар ва қобили иҷро

Маскав ва Вошингтун пеш аз дидори рӯзи панҷшанбеи худ бар сари матн ва муҳтавои қатънома ихтилофи назар доштанд.

Омрико бо ҳимояти Фаронса ва Бритониё талош кардааст қатъномаеро дар Шӯрои Амният ба тасвиб бирасонад, ки шомили таҳдиди низомии Сурия бошад.

Рӯзи панҷшанбе Сомонто Повер, сафири Омрико дар Созмони Милал, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоъии Твитер навишт: Бо Русия тавофуқ шуд, ки қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал қонунан Сурияро мулзам ба таҳвили таслиҳоти шимиёиаш кунад. Таслиҳоте, ки алайҳи мардуми худаш ба кор гирифт. Қатънома имшаб ба Шӯрои Амният меравад.

Хонуми Повер афзуда, ки дар ин қатънома омада истифодаи Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ таҳдиди сулҳу амнияти байналмилалӣ аст ва ин қатънома урфи тозаеро алайҳи истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар ҷаҳон эҷод мекунад.

Намояндаи Бритониё дар Созмони Милали Муттаҳид низ ин қатъномаи пешниҳодиро илзомовар ва қобили иҷро тавсиф кардааст.

Серге Лавров, вазири хориҷаи Русия, тавофуқ бо Омрикоро таъйид карда бо ин ҳама гуфта бар асоси он истифода аз зӯр тибқи моддаи ҳафти маншури Шӯрои Амняит билофосила нахоҳад буд.

Барои истифода аз иқдоми низомӣ алайҳи Сурия ба тасвиби қатъномаи дигаре дар Шӯрои Амният ниёз хоҳад буд.

Бо ин ҳама як мақоми аршади вазорати хориҷаи Омрико ин тавофуқро як муваффақияти бузург донистааст.

Ба гуфтаи ин мақом, ки ба шарти мунташир нашудани номаш суҳбат карда, дар матни ин қатънома сареҳан омада, ки амал накардани Башор Асад ба мундариҷоти он табаъоте хоҳад дошт.

Вошингтун дар пайи ҳамлаи шимиёӣ алайҳи гурӯҳе аз шаҳрвандони Сурия, Башор Асадро таҳдид ба ҳамлаи низомӣ кард.

Гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ин ҳамла нишон медиҳад дар ҳамлае, ки бо истифода аз рокет бо кулоҳаки шимиёӣ сурат гирифта, аз гози аъсоб истифода шудааст.

Матолиби муртабит