Омрико аз ҳукумати Башор Асад ба далели ҳамкорӣ дар нобудии силоҳҳои шимиёӣ тақдир кард

  • 7 Октябр, 2013
Image caption Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров, вузарои хориҷаи Омрико ва Русия, имрӯз дар Индунезӣ дидор карданд

Ҷон Керрӣ, ки барои ширкат дар иҷлоси Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё-Уқёнусия (АПЕК) ба Индузӣ сафар карда, дар вокуниш ба оғози раванди нобудии силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия, ҳукумати Башор Асадро ба далели пайравӣ аз қатъномаи Созмони Милал шоистаи тақдир донист.

Вазири хориҷаи Омрико пас аз дидор бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар ҳошияи ин иҷлос гуфт: "Мо аз Русия ба далели ҳамкорӣ ва аз Сурия ба далели табаъият (аз қатъномаи Созмони Милал) қадрдонӣ мекунем."

Оқои Керрӣ суръати оғози корро бесобиқа донист ва гуфт "ин ки якшанбе, яъне як ҳафта пас аз тасвиби қатъномаи Созмони Милал, миқдоре аз силоҳи шимиёӣ нобуд шуда, беандоза муҳим аст."

Вазири хориҷаи Омрико гуфт: "Содиқона бояд бигӯем ин эътиборе барои режими Башор Асад аст. Шурӯъи кор бисёр хуб буда ва мо аз шурӯъи хуб истиқбол мекунем."

Ин қатънома пас аз он содир шуд, ки дар даргириҳои давлати Сурия бо мухолифон аз силоҳи шимиёӣ истифода шуд ва ин эътирози шадиди ҷомеъаи байналмилалиро барангехт.

Бар асоси гузориши бозрасони Созмони Милал рӯзи 21 август дар Ғута, дар наздикии Димишқ аз гози сорин истифода шудааст ва боъиси марги садҳо нафар шудааст.

Пеш аз он низ истифода аз силоҳҳои шимиёӣ гузориш шуда ва ҳам нерӯҳои давлатӣ ва ҳам мухолифон ба истифода аз ин силоҳҳо муттаҳам шуда буданд, ҳар чанд ки ҳар ду тараф ин мавзӯъро такзиб мекунанд.

Бино бар тахминҳо Сурия ҳудуди ҳазор тун силоҳи шимиёӣ, аз ҷумла гози аъсоби сорин ва маводди товалзо (обилазо), мисли гози хардал захира кардааст, ки онҳоро метавон бо ҳавопаймо, мушаки болистик ва тӯпхонаи рокетӣ ба кор гирифт.

Нобудии ин захираи силоҳи шимиёӣ дар Сурия зери назари гурӯҳе аз коршиносони Созмони Манъи Силоҳҳои Шимиёӣ (OPCW) анҷом гирифт.

Ин нахустин боре аст, ки аз ин созмон, ки мақарри он дар Лоҳа аст, хоста шуда, то бар нобудии силоҳҳои шимиёӣ назорат дошта бошад.

Яке аз мақомоти ин созмон дирӯз (якшанбеи 6 октябр) гуфт: "Аввалин рӯзи тахриб ва хунсосозӣ ба поён расида ва ба кулоҳакҳои мушакӣ, бумб ва низ воҳидҳои мутаҳаррик ва собити таркиб ва захираи маводди шимиёӣ низ расидагӣ шудааст. Кор фардо ва рӯзҳои оянда идома пайдо хоҳад кард."

Бар асоси тавофуқе, ки байни Омрико ва Русия сурат гирифт, ҳукумати Сурия иттилоъоти марбут ба силоҳҳои шимиёии худро дар ихтиёри ин созмон қарор дод ва аз давлати Сурия хоста шуд, то ба аҳдномаи мамунъияти силоҳҳои шимиёӣ бипайвандад.

Нобудии ин силоҳҳо бо душвориҳое рӯбарӯ аст, бавижа он ки бархе аз махозини ин силоҳҳо дар манотиқе қарор дорад, ки маҳалли даргирии нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён аст.

Матолиби муртабит