Давлати Бритониё пас аз се сол паноҳҷӯёни суриро искон медиҳад

  • 29 Январ, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Кӯдакони сурӣ хона ва зиндагии худро раҳо кардаанд ва бо гузаштан аз марзи Сурия вориди хоки Туркия мешаванд

Нахуствазири Бритониё гуфта кишвараш бо "фаврияти ҳарчӣ бештар" ба паноҳҷӯёни ниёзманди сурӣ сарпаноҳ хоҳад дод.

Девид Комерун ба намояндагони порлумони Бритониё гуфта қурбониёни хушунати ҷинсӣ дар авлавият хоҳанд буд.

Пештар муъовини нахуствазири Бритониё эълом карда буд, баъзе аз "осебпазиртарин" паноҳҷӯёни сурӣ ба таври муваққат дар Бритониё искон дода мешаванд.

Ба гуфтаи Ник Клег, муъовини нахуствазири Бритониё занон ва кӯдаконе, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд ё дар хатари таҷовуз ҳастанд, қурбониёни шиканҷа, солмандон ва афроди нотавон авлавият доранд.

Давлати Бритониё ҳанӯз мушаххас накарда чӣ теъдод паноҳҷӯёнро дар хоки ин кишвар искон хоҳад дод, аммо аз рақами садҳо нафар ном бурда шудааст.

Қарор аст ҷузъиёти ин барнома ба зудӣ эълом шавад.

Барномаи искони паноҳҷӯёни сурӣ дар Бритониё ҷудо аз барномаи ҳимоятии Кумисориёи олии паноҳандагон иҷро мешавад.

Тибқи барномаи Кумиссориёи олии паноҳандагон Олмон таъаҳҳуд карда 10 ҳазор паноҳҷӯ ва Фаронса 500 паноҳҷӯи суриро искон диҳанд.

Рӯзи душанбе баъзе аз намояндагони порлумони Бритониё аз давлати ин кишвар интиқод карданд, ки чиро дар тарҳи Кумиссориёи олӣ барои искони паноҳҷӯёни сурӣ мушорикат намекунад.

"Масъулияти ахлоқӣ дорем"

Image copyrightAFP

Ник Клег, муъовини нахуствазири Бритониё дар давлати эътилофӣ гуфтааст "давлати эътилофӣ мехоҳад дар таскини ранҷи беандозаи суриҳо нақш дошта бошад. Кумаки 600 миллиюнпундии мо, Бритониёро дувумин эҳдокунандаи кумакҳои инсондӯстонаи ҷаҳон кардааст."

Бритониё аз замони оғози буҳрони Сурия аз пазируфтани паноҳҷӯёни сурӣ дар хоки ин кишвар худдорӣ карда ва фақат бар ирсоли кумак ба оворагони сурӣ дар дохили минтақа таъкид кардааст.

Аммо интиқодоти рӯзи душанбе дар маҷлис назари давлати Бритониёро то ҳудуде тағйир додааст.

Оқои Клег мегӯяд Бритониё масъулияти ахлоқӣ дорад кумак кунад садҳо паноҳҷӯи сурӣ битавонанд вориди хоки Бритониё шаванд.

"Визои муваққати сесола"

Гуфта мешавад ба паноҳҷӯёни сурӣ дастикам визои сесола ва иҷозаи иқомати муваққат дар Бритониё дода мешавад.

Баъд аз се сол бо таваҷҷуҳ ба шароити Сурия паноҳҷӯён бояд ба кишварашон бозгарданд. Аммо вазъияти ҳар паноҳҷӯ маврид ба маврид баррасӣ мешавад ва мумкин аст иҷозаи иқомат тамдид шавад

Шаш миллиюну 500 ҳазор паноҳҷӯи сурӣ дар дохили Сурия овора ҳастанд ва ду миллиюну 400 ҳазор нафар ҳам ба кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.

Бештарин шумори паноҳҷӯёни сурӣ бо теъдоди 858 ҳазор нафар дар урдугоҳҳои Лубнон ҳастанд.

Урдун ҳам бо пазируфтани 576 ҳазор овораи сурӣ дувумин кишвари пазирои паноҳҷӯёни Сурия аст.

Созмони Афви байналмиллал декабри гузашта аз раҳбарони Урупо ба далели кам будани пазириш ва ҳимоят аз паноҳандагони сурӣ интиқод карда ва гуфта буд, онҳо бояд хиҷолат бикашанд.

Ин ниҳоди ҳуқуқибашарӣ гуфта буд, ки танҳо 10 кишвари узви Иттиҳодияи Урупо омодагии худро барои пазириши паноҳандагони сурӣ эълом кардаанд.

Матолиби муртабит