Созмони Милал: Афзоиши шумори оворагон дар ҷаҳон нигаронкунанда аст

Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба афзоиши шумори оворагон дар соли гузаштаи мелодӣ ибрози нигаронӣ кардааст.
Кумисориёи олии Созмони Милал дар умури оворагон бо интишори гузорише гуфтааст, ки дар соли 2012 мелодӣ теъдоди оворагон ва паноҳҷӯён дар ҷаҳон ба беш аз ҳафт миллиюн нафар расид, ки болотарин омор аз соли 1994 мелодӣ ба ин су будааст.
Бар асоси ин гузориш буҳрони Сурия омилии муҳим дар афзоиши шумори паноҳандагон будааст.
Кумисориёи олии оворагон афзудааст, ки дар соли гузашта 55 дарсади паноҳҷӯёни ҷаҳон аз панҷ кишвари Афғонистон, Сумолӣ, Ироқ, Судон ва Сурия буданд, дар ҳоле ки 81 дарсад аз паноҳҷӯён ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа паноҳанда шуданд.
Ин рақам 11 дарсад бештар аз як даҳа пеш аст, ки оворагони бештаре ба кишварҳои пешрафта паноҳанда мешуданд.
Онтунию Готрес, раиси Кумиссориёи олии оворагон омори паноҳҷӯён дар соли гузаштаро "ҳушдордиҳанда" хонда ва гуфтааст, ки ин арқом мунъакискунандаи ранҷи миллиюнҳо нафар ва мушкилоте аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз даргирӣ ва ҳали ихтилофоти сиёсӣ бо онҳо мувоҷеҳ аст.
Вай гуфтааст, ки рақами ҳафт миллиюну шашсад ҳазор овора ба маънии он аст, ки дар ҳар сония беш аз чаҳор нафар дар сатҳи ҷаҳонӣ овора шудаанд.
Кумисориёи оворагони Созмони Милал гуфтааст, ки бо истифода аз иттилоъоти ин ниҳод ва ҳамчунин давлатҳои мухталиф ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар саросари ҷаҳон ба омори кулли оворагон даст ёфтааст.
Дар соли гузашта, Афғонистон монанди сиву ду соли қабл ҳамчунон аз "манобеъи аслии" оворагон дар ҷаҳон буд.
Эрон ва Покистон пазирои бештарин шумори паноҳандагони афғон ҳастанд.
Ҷанги дохилии Сурия
Пас аз Афғонистон Сумолӣ аз лиҳози теъдоди шаҳрвандони паноҳанда дар ҷаҳон дар радаи дувум қарор гирифта ва пас аз он Ироқ қарор дорад.
Дар соли гузашта ҷанги дохилии Сурия боъис шуд то ин кишвар аз лиҳози теъдоди паноҳандагону оворагон радаи чаҳоруми ҷаҳонро ба худ ихтисос диҳад.
Албатта арқоме, ки интишор ёфта шомили шаҳрвандони Сурия нест, ки тайи шаш моҳи гузашта овора шудаанд.
Созмони Милал ҳушдор додааст, ки агар раванди феълӣ идома ёбад, то поёни соли ҷорӣ ҳудуди як миллиюн шаҳрванди дигари Сурия овора хоҳанд шуд.
Ин созмон дар назар дорад тайи рӯзҳои оянда аз кишварҳои урупоӣ бихоҳад дасти кам ба теъдоде аз ин оворагон паноҳ диҳанд.
Гузориши Созмони Милал афзудааст, ки дар соли гузашта кишварҳои Молӣ ва Ҷумҳурии Демукротики Кунгу шоҳиди афзоиши чашмгире дар шумори паноҳҷӯён будаанд.
Дар пайи кудетои низомӣ дар Молӣ дар авохири соли гузаштаи милодӣ артиши давлати ин кишвар бо ҳимояти низомии Фаронса даргири набарде сангин бо шибҳнизомиёни исломгаро ва гурӯҳҳои мусаллаҳи қавмии Туорег будааст.
Соли гузашта исломгароён бахшҳое аз шимоли Молиро ба тасарруфи худ дароварда буданд.
Дар Ҷумҳурии Демукротики Кунгу бурузи даргирии низомӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиёни мусаллаҳ боъис шуд, то ҳудуди ҳаштсад ҳазор нафар аз сокинони манотиқи даргирӣ маҳали сукунати худро тарк кунанд.
