Дархости афзоиши амалиёти муштарак барои мубориза бо маводди мухаддир

  • 30 Май, 2014
Ҳамоиши ДушанбеImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои минтақа яке аз роҳҳои аслии аз миён бурдани гурӯҳҳои қочоқчӣ аст

Дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише масъулони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон бар тақвияти ҳамкориҳои ин ниҳодҳо барои аз миён бурдани гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқчӣ дар минтақа таъкид карданд.

Дар ин ҳамоиш масъулони ниҳодҳои зирабт паҳлӯҳои ҷадиди равобит ва ҳамкориҳо миёни ҳамдигар барои решакан кардани кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводди мухаддирро баррасӣ карданд.

Мубтакири баргузории ин ҳамоиш Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон буда ва он бо ҳимояти молии Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милал доир мешавад.

Тоҷикистон

Дар ин нишаст, ки рӯзи ҷумъаи 30 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Женерол Рустам Назаров, раиси ин ожонс, гуфт, ки ин севумин нишасти масъулони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир дар чорчӯби барномаи вижаи “Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон” аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Назаров гуфт, ки ин севумин нишасти масъулони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир дар чорчӯби барномаи вижаи “Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон” аст

Вай азуд: "Ҳамкориҳои ин кишварҳо дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз масрафи он барои баррасӣ ва интихоби шеваи ягона ва ҳамкорӣ дар самти мубориза бо гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷароимпеша ва табодули фаврии иттилоъот дар мавриди ин гурӯҳҳо ва ҳамчунин тарҳрезии тадобири зарурӣ барои тақвияти меконизми ягона барои назорат бар прекусорҳо (пешмояҳо барои тавлиди маводди мухаддир) ва маводди мухаддири маснуъӣ дар оянда заминаи хуб фароҳам хоҳад кард."

Мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ҳамеша эълом мекунанд, ки дар қаламрави ин кишвар кишти хашхош ва тавлиди маводди мухаддир вуҷуд надошта ва бештар қочоқчиён ин маводдро аз қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон ба дохили Тоҷикистон ворид мекунанд.

Афғонистон

Намояндагони ниҳодҳои интизомии Афғонистон дар ин нишаст гуфтанд, ки мушкили маводди мухаддир мушкили ҷаҳонӣ аст. Онҳо бар аҳаммияти ширкати ҷомеъаи байналмилалӣ дар мубориза бо ин мавод таъкид карданд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, ҷомеъаи байналмилалӣ бояд ироаи кумакҳо ба кишварҳоеро, ки дар хатти аввали мубориза бо маводди мухаддир қарор гирифтаанд, дареғ надоранд.

Динмуҳаммад Мубориз Рошидӣ, вазири мубориза бо маводди мухаддири Афғонистон, гуфт, ки яке аз душвориҳои аслии Афғонистон кишти маводди мухаддир аст. Ба гуфтаи ӯ, кишти хашхош дар Афғонистон бо терурисм ва ноамниҳо дар ин кишвар рабти мустақиме дорад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Рошидӣ мегӯяд, ки мақомоти Афғонистон бо маводди мухаддир муборизаи беамон мебаранд

Вай гуфт: "Аз маводди мухаддир ва қочоқи он терурисм ва мухолифини мусаллаҳи давлати феълии Афғонистон, ки ҳар рӯз ҷони мардуми Афғонистонро мегиранд ва бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ даргир ҳастанд, таъмини молӣ мешаванд."

Оқои Рошидӣ мегӯяд, ки мақомоти давлати Афғонистон бо маводди мухаддир муборизаи беамон мебаранд ва ба мубориза бо маводди мухаддир таъаҳҳуди ҷиддӣ доранд. Вай мегӯяд, ки танҳо дар зарфи як моҳ пулиси Афғонистон тавонистааст 10 тун маводди мухаддирро кашф ва мусодира кунад.

Аммо вай афзуд: "Бо тамоми талошҳо ҳанӯз ҳам дар Афғонистон, бахусус дар манотиқе, ки таҳти тасаллути мухолифони мусаллаҳи давлат аст ё манотиқе, ки таҳти тасаллути онҳо несту аз назари амниятӣ дучори мушкил аст, кишти маводди мухаддир сурат мегирад."

Оқои Рошидӣ мавзӯъи матрӯҳа дар ҳамоиши имрӯзро, ки ба коҳиши маводди мухаддир ва интиқоли маводди шимиёие, ки ба василаи он тарёк ба ҳеруин мубаддал мешавад, ихтисос дошт, дар заминаи мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб муҳим хонд.

Ин масъули вазорати мубориза бо маводди мухаддири Афғонистон мегӯяд, ки ҳамасола танҳо ба ҳангоми тахриби мазореъи хашхош дар Афғонистон ҳудуди 200 нафар аз кормандони интизомӣ ҷон медиҳанд.

Оқои Рошидӣ мегӯяд, ки дар соли гузашта миёни кормандони интизомии Тоҷикистон ва ҳамтоёни афғони онҳо нуҳ амалиёти муштарак алайҳи қочоқчиён сурат гирифтааст. Вай мегӯяд, ки кормандони интизомии афғон алоқаманди доир кардани амалиёти бештари муштарак бо ҷониби Тоҷикистон ҳастанд.

Қирғизистон

Дар ҳамин ҳол, Ғуломҷон Анорбоев, муъовини раиси Идораи давлатии назорат бар маводди мухаддири Қирғизистон, мегӯяд, ки ҳамасола нерӯҳои интизомии ин кишвар беш аз шаш тун маводди мухаддир ва прекурсор (пешмоя)-ҳо барои тавлиди ин маводро мусодира мекунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Анорбоев гуфт, ки яке аз мушкилоти ҷилавгирӣ аз интиқоли ин мавод ба дохили Қирғизистон номуъайян будани хатти марзи муштарак дар бисёре аз манотиқи марзӣ аст

Оқои Анорбоев афзуд, ки дар тӯли ду моҳи соли ҷорӣ, замоне ки кунтрул бар гузаргоҳҳои кишвараш бо Тоҷикистон баъд аз даргирии моҳи январ дар марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон дар вилояти Ботканд тақвият ёфт, мизони интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Қирғизистон коҳиш ёфтааст.

Вай мегӯяд: "Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бештар аз ду масир маводди мухаддир қочоқ мешавад. Яке аз тариқи Хоруғ ва Мурғоб ба вилояти Уш ва дигар аз тариқи вилояти Суғд ба вилояти Ботканд ворид мешавад. Сипас, ин мавод аз Қирғизистон ба Русия ва кишварҳои дигари урупоӣ интиқол меёбад."

Оқои Анорбоев мегӯяд, ки яке аз мушкилот дар роҳи ҷилавгирӣ аз интиқоли ин мавод ба Қирғизистон номуъайян будани хутути марзи муштарак дар бисёре аз манотиқи марзӣ аст.

Вай афзуд: "Замоне ки кӯҳистон аз барф холӣ мешавад, қочоқчиён бештар аз роҳҳои манотиқи кӯҳистонӣ истифода мекунанд. Аммо дар фасли зимистон онҳо бештар аз вилояти Суғд дар қисмати шимолии Тоҷикистон кӯшиши интиқоли маводди мухаддир аз марзҳоро мекунанд."

Ин масъули Идораи давлатии назорат бар маводди мухаддири Қирғизистон мегӯяд, ки аломатгузорӣ ва таъйини хутути марзӣ метавонист то андозае фаъъолияти марзбонон ва ниҳодҳои дигарро барои ҷилавгирӣ аз интиқоли ин мавод дар марзҳо осон кунад. Ӯ низ ба ҳамкориҳои танготанги ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа барои решакан кардани қочоқи маводди мухаддир таъкид кард.

Масъулони ниҳодҳои интизомии се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар ин ҳамоиш таъкид бар он доштанд, ки мубориза бо қочоқбарони маводди мухаддирро дар соли ҷорӣ тақвият диҳанд ва аз қочоқчиён дар муқоиса бо солҳои қаблӣ миқдори бештари маводди мухаддирро мусодира кунанд.

Ҷониби Афғонистон дар ин ҳамоиш пешниҳод кард, ки нишасти оянда дар чорчӯби тарҳи “Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон” дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, баргузор шавад.

Матолиби муртабит