Боздошти ду сокини Душанбе ба занни қочоқи маводди мухаддир
Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ин кишвар ба занни қочоқи маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Торнамои расмии ин ниҳод рӯзи панҷшанбеи 6 март хабар дод, ки ин ду сокини пойтахти Тоҷикистон муддати тӯлонӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳр дар як нуқтаи муъайян машғули фурӯши ин мавод будаанд.
Ҳамчунин, ин ду фарди 40 ва 35-сола ба масрафи ин мавод низ машғул буда ва яке аз онҳо дар маркази мудовои муътодони шаҳри Душанбе ба унвони муътод ба маводди мухаддир сабти ном шудааст.
Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки бо боздошти ин ду фарди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир, онҳо як нуқтаи фурӯши ин маводдро аз миён бурдаанд ва феълан ин афрод дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.
Кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқотро барои пайдо кардани ҳамдастони дигари онҳо идома медиҳанд.
