Ҷалби сармоя барои барномаи мубориза бо маводди мухаддир

  • 15 Апрел, 2014
Ҳамоиши ожонсӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин ҳамоиш намояндагон аз 17 сафоратхона ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд

Масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон дар ҳамоише барномаи роҳбурдии мубориза бо маводди мухаддир барои солҳои 2013-2020-ро муъаррифӣ карданд.

Дар ин нишаст, ки рӯзи сешанбеи 15 апрел доир шуд, намояндагони 17 сафорати хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон ва ҳамчунин масъулони зидахли давлатӣ ширкат карданд.

Дар ҳамоиш зимни муъаррифии ин барнома ба наҳваи тақвияти мубориза бо қочоқ, масраф ва тавлиди маводди мухаддир дар Тоҷикистон ва мубориза бо авомиле аз қабили фасод ва ришваситонӣ дар ин арса таъкид шуд.

Барномаи ҷадид густариши ҳамкориҳо дар заминаи тақвияти мубориза бо ин падидаи номатлуб бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон ва минтақаро, низ дар назар гирифтааст.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои аслӣ аз роҳандозии ин барнома коҳиши сатҳи интиқоли маводди мухаддир, қочоқ ва масрафи он ва коҳиши сатҳи ниёз ба ин мавод дар миёни сокинон аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Назаров гуфт, ки дар ояндаи наздик ожонс дафтари худро дар шаҳри Кобул боз мекунад

Беҳбуди наҳваи кор бо ин мавод, кашфи бамавриди муътодон ва беҳбуди кайфияти мудовои онҳо яке дигар аз авлавиятҳои барномаи ҷадиди мубориза бо маводди мухаддири ин ниҳод будааст.

Марҳабо Ҷабборова, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, дар суханронии ифтитоҳии ин ҳамоиш маводди мухаддирро яке аз мушкилоти ҷиддӣ хонд ва гуфт, ки хатароти ношӣ аз он дар саботи кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.

Ӯ гуфт: "Дар ҳоли ҳозир қочоқи маводди мухаддир ва масрафи он ба яке аз масоили умдаи ҷомеъаи байналмилалӣ табдил шудааст, ки иқдомоти ҷиддӣ ва қотеъона барои мубориза бо ин падидаро тақозо мекунад.”

Хонуми Ҷабборова афзуд, ки давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали касби истиқлол аз тамоми ибтикороти ҷаҳонӣ барои мубориза бо маводди мухаддир ҷонибдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Женерол Рустам Назаров, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки яке дигар аз аҳдофи ин барнома ҷалби сармоя барои идомаи фаъъолияти ин ниҳод аст.

Оқои Назаров афзуд: "Мо ба ин манзур намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалиро, ки сармоягузори пружеи мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон ҳастанд, ба ин нишаст даъват кардем, ки ин кишварҳоро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин замина даъват кунем."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Ҷабборова гуфт, ки хатароти ношӣ аз қочоқи маводди мухаддир дар саботи кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад

Оқои Назаров гуфт, ки ин барнома дар зимистони соли 2013 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тасвиб расидааст.

Женерол Назаров мегӯяд, ки Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо маводди мухаддир шеваи дарҳои бозро интихоб карда ва дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоъот дар мавриди фаъъолияти ниҳодҳои здахл дар ин замина осон аст.

Ҳамчунин, раиси ин ожонс хабар дод, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар ду се соли ахир пешрафти назаррасе кардааст.

Ӯ мегӯяд, ки қарор аст, дар ояндаи наздик Ожонси назорат бар маводди мухаддирии Тоҷикистон дафтари намояндагии худро дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, боз кунад.

Матолиби муртабит