Кашфи ҳудуди 100 килуграм маводди мухаддир дар Тоҷикистон

  • 13 Март, 2014
Маводди мухаддирImage copyrightBBC World Service
Image caption Пулиси тоҷик рӯзи 13 март ҳудуди як тун маводди мухаддиро ба коми оташ кашид

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сокини ин кишвар ҳудуди 100 килуграм маводди мухаддири навъи ҳашиш ё бангдонаро кашф ва мусодира кардаанд.

Тибқи хабари сойти расмии ин ниҳод, ки рӯзи панҷшанбеи 13 март пахш шудааст, пулис ин маводди мухаддирро дар шоҳроҳи Душанбе-Хучанд аз дохили утумубили мутаъаллиқ ба Умедҷони Изатулло кашф кардааст.

Тавре ки дар хабар омадааст, ин сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳашишро дар дохили бағоҷ пинҳон карда ва қасд доштааст, ки онро нахуст ба вилояти Суғд интиқол диҳад ва пасон онро аз қаламрави Тоҷикистон берун барорад.

Таҳқиқоти кормандони пулис мушаххас кардааст, ки ин маводди мухаддир ба Абдураҳмон Муродови 25-сола, сокини шаҳри Душанбе таъаллуқ доштааст.

Кормандони бахши мубориза бо маводди мухаддири вазорати дохила дар робита ба ин ҷурм тибқи модди 200 қонуни кайфархоҳи Тоҷикистон, яъне қочоқи маводди мухаддир парвандаи ҷиноиро боз ва таҳқиқоти онро барои ифшои ҳамдастони дигари ин ду фарди муттаҳам идома медиҳанд.

Дар таҳавули дигаре, кормандони интизомӣ аз захмӣ шудани ду корманди пулис дар ҷараёни амалиёти вижаи мубориза бо қочоқчиёни маводди мухаддир хабар додаанд.

Бар асоси ин хабар, Оятулло Нарзуллоеви 28-сола, ки дар ҳамли маводди мухаддир муттаҳам будааст, дар ҷараёни боздошт ба ду корманди пулис муқобила карда ва бо истифода аз ҷоқу онҳоро захмӣ карда аз ҷои воқеъ ғайб задааст.

Ҳамакнун кормандони пулис Оятулло Нарзуллоевро барои қочоқи беш аз чор килуграм маводди мухаддир ва ҳамла ба кормандони пулис дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

Масъулони Вазорати умури дохила мегӯянд, ки барои пайдо кардани ин фарди муттаҳам дар ду ҷурм таҳқиқотро идома медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбеи 13 март кормандони ин вазорат дар ҳузури хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ ҳудуди як тун маводди мухаддир, аз ҷумла ҳируинро ба коми оташ кашидаанд. Ба гуфтаи пулис, кормандони онҳо ин миқдори маводди мухаддиро дар тӯли солҳои 2011 то 2013 аз қочоқбарони он кашф ва мусодира кардаанд.

Матолиби муртабит