Додгоҳе дар Русия як тоҷикистониро ба 15 сол ҳабс маҳкум кард

  • 8 Май, 2014

Додгоҳи вилояти Астрахан дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи миқдори зиёди маводди мухаддир муқассир донист ва ӯро барои беш аз 15 сол равонаи зиндон кардаст.

Қозии додгоҳ ӯро бо ду моддаи 228 ва 229 қонуни ҷазои Русия, яъне харид ва захири ғайримуҷози маводди мухаддир ва қочоқи он муқассир донистааст.

Тавре, ки дар сойти расмии Додситонии Русия омадааст, ин сокини Тоҷикистон бо беш аз 500 килуграм маводди мухаддири навъи шоҳдона дар моҳи июли соли 2013 дар истгоҳи роҳи қатори шаҳри Астрахан боздошт шудааст.

Дар ин хабар ҳуввияти ин табаъаи Тоҷикистон ифшо нашудааст, вале гуфта шудааст, ки ӯ ин маводро аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва сипас ба шаҳри Астрахани Русия бо роҳи қатор овардааст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон ба сар мебаранд. Бар асоси гузоришҳои расмӣ аксари онҳо дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта шуда ва додогоҳои манотиқи мухталиф дар он кишвар онҳоро ба муҳлатҳои мухталиф маҳкум ба ҳабс карданд.