Ҳафт нафар дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул кушта шуд

  • 2 Июл, 2014
Image copyrightAP
Image caption То кунун чандин бор дар шаҳри Кобул афроди интиҳорӣ вориди худравҳои артиши миллии Афғонистон шудаанд, ки талафоти зиёдеро дар пай доштааст

Бомдоди чаҳоршанбеи 2 июл, як ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Кортаи Сахӣ дар канори вазорати кишоварзии Афғонистон дар Кобул ҷони 7 нафарро гирифта ва 16 нафари дигарро захмӣ кард.

Ҳашматуллоҳ Истонакзай, сухангӯйи пулиси Кобул,ба Би-би-сӣ гуфт, ки то кунун ба сурати дақиқ мушаххас нашуда, ки чи шуморе аз ин афрод узви артиши миллии Афғонистон ва ғайринизомиён будаанд.

Ӯ афзуд, ки як минибуси ҳомили кормандони нерӯи ҳавоии артиши миллии Афғонистон, ки озими маҳалли корашон буд дар ҳавзаи севуми шаҳри Кобул, дар наздикии вазорати кишоварзӣ ҳадафи ҳамлаи фарди интиҳорӣ қарор гирифт.

Оқои Истонакзай афзуд, ки ба далели интиқоли қурбониёни ин ҳодиса ба бемористонҳои мухталифи шаҳр то кунун ҳувияти тамомии афрод мушаххас нашудааст.

Ӯ афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба шумори талафот, эҳтимол дорад, ки ҳамлакунанда вориди худрави артиш шуда ва баъд маводди инфиҷории ҳамроҳи худро мунфаҷир карда бошад, вале пулиси Кобул дар ҳоли баррасии ин ҳодиса аст.

Пеш аз ин Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати кишвари Афғонистон, бо таъйиди ин хабар дар саҳфаи расмии Фейсбуки худ навишт, ки 5 сарбози артиш кушта, 4 сарбоз ва 5 ғайринизомӣ низ дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Ин сарбозон кормандони нерӯи ҳавоии артиши Афғонистон буданд

Шоҳидони айнӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки фарди омили ин амалиёти интиҳорӣ ҳаволии соъати 6:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ вориди як худрави артиши миллии Афғонистон шуд ва сипас маводди мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард

Ба гуфтаи ин шоҳидон шиддати инфиҷор ба ҳадде буд, ки шишаи сохтмонҳои наздик ба маҳалли ҳодиса шикаст

То кунун ин маҳал бар рӯйи рафту омади худравҳо баста аст ва нерӯҳои пулис, имдоди пизишкӣ ва оташнишонӣ дар маҳал ҳузур доранд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки худравҳои обпош дар ҳоли шустушӯйи хун дар маҳалли ҳодиса ҳастанд.

Ҳамла ба нафароти артиши миллии Афғонистон бидуни собиқа нест ва пеш аз ин ҳам дар мавориде муҳоҷимони интиҳорӣ бо вуруд ба худрави ҳомили низомиён ононро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Матолиби муртабит