Узрхоҳии сарбози омрикоии омили "куштори Қандаҳор"

  • 23 Август, 2013

Як сарбози омрикоӣ, ки соли гузашта даст ба куштори 16 рустоӣ дар Афғонистон зад, бо узрхоҳӣ аз хонаводаҳои қурбониён гуфта, ки иқдоми ӯ буздилона будааст.

Гурӯҳбон (сержанти калон) Роберт Бейлз, дар дифоъ аз худ дар як муҳокимаи низомӣ дар иёлати Вошингтун дар Омрико суҳбат мекард, куштори ғайринизомиён дар марти 2012-ро ношӣ аз тарсу эҳсоси шуҷоъати козиб унвон кард.

Ӯ ҳангоми шаб ба ду русто дар Қандаҳор юриш бурд ва ба самти ғайринизомиён оташ гушуд.

Бештари қурбониён занону кӯдакон буданд.

Оқои Бейлз дар додгоҳ гуфт: "Ибрози таассуф кофӣ нест, вале мутаассифам."

Оқои Бейлз, ки акнун 39 -сол дорад, дар моҳи июн барои фирор аз муҷозоти эъдом дар тавофуқ бо додситонҳои низомӣ, иттиҳомҳои воридшуда ба худро пазируфт.

Дар сурате, ки оқои Бейлз ба ҳабси абад бо имкони афв маҳкум шавад, метавонад пас аз 20 сол дархости бахшиш диҳад.

Додситонҳои низомӣ нисбат ба надомати Роберт Бейлз тардид кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо як муколамаи забтшуда миёни оқои Бейлз ва ҳамсараш нишон медиҳад, ки онҳо бо ханда дар бораи ҳодисаи куштор дар Афғонистон суҳбат кардаанд.

Вукалои мудофеъи оқои Бейлз гуфтаанд, ки аз ин муколимаи ӯ ва ҳамсараш бад бардошт шудааст.