Муҳофизони вижаи раиси ҷумҳурии Афғонистон бо камини гурӯҳи Толибон мувоҷеҳ шуданд
Image copyrightARGКорвони нерӯҳои муҳофизи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар вилояти ҷануби шарқии Пактиёи Афғонистон бо камини афроди мусаллаҳи Толибон мувоҷеҳ шуданд.
Имал Файзӣ, сухангӯйи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки ин нерӯҳо ба тарафи вулусволии Аргуни вилояти Пактико дар ҳаракат буданд ва мехостанд барои сафари Ҳомиди Карзай барои дидани маҳаkли инфиҷори рӯзи шанбе омодагӣ бигиранд.
Маъмулан муҳофизони вижаи оқои Карзай як рӯз қабл аз сафари ӯ ба вилоёт мераванд.
Оқои Файзӣ гуфт, ки дар даргирии миёни корвони нерӯҳои муҳофизатии Ҳомиди Карзай ва афроди Толибон чаҳор муҳофизи раиси ҷумҳури Карзай захмӣ шудаанд.
Сафари эҳтимолии Ҳомиди Карзай ба Пактико барои дилҷӯйӣ аз бастагони қурбониёни ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбе аз пеш эълом нашуда буд.
Залмай Уриохейл, фармондеҳи пулиси вилояти Пактиё, дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ ин рӯйдодро таъйид карда, аммо гуфтааст, ки ҷузъиёте дар мавриди ҳамлаи Толибон ба муҳофизони раиси ҷумҳурӣ дар даст надорад.
Як мақоми маҳаллӣ дар вилояти Пактико, ки хост номаш фош нашавад, мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ аз сафари корвони нерӯҳои муҳофизатии раиси ҷумҳурии Афғонистон ба вилояти Пактико иттилоъ надоштанд.
Ин рӯйдод дар ҳоле гузориш мешавад, ки ду рӯз пеш низ кормандони дафтари Ҳомиди Карзай дар Кобул ҳадафи як бумби кунтрул аз роҳи дур қарор гирифтанд. Дар ин рӯйдод ду корманди бахши матбуъотии раёсати ҷумҳурӣ кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.
Афғонистон дар рӯзҳои ахир ва пас аз баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо афзоиши ноамнӣ рӯбарӯ будааст.
Субҳи имрӯз дар Кобул гурӯҳе аз муҳоҷимони Толибон ба наздики фурудгоҳи байналмилалии шаҳр ҳамла карданд. Дар ин ҳамла як маъмури пулис захмӣ шуд ва шаш муҳоҷими интиҳорӣ кушта шуданд.
Қарор аст то поёни имсол нерӯҳои байналмилалӣ ҳамзамон бо поёни раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон, Афғонистонро тарк кунанд.
Таъмини амнияти Афғонистон пас аз хуруҷи ин нерӯҳо аз чолишҳои умдае аст, ки артиш ва пулиси сесадҳазорнафарии Афғонистон дар баробар хоҳад дошт.
