Ҳамлаи муҳоҷимон ба фурудгоҳи Кобул поён ёфт

  • 17 Июл, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Тамомии муҳоҷимони мустақар дар сохтмони наздики фурудгоҳ дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд

Мақомоти амниятии афғон мегӯянд, ки ҳамлаи гурӯҳе аз муҳоҷимони интиҳорӣ ба бахши низомии фурудгоҳи Кобул бо кушта шудани тамомии муҳоҷимон поён ёфтааст.

Ҳамла ба фурудгоҳи Кобул рӯзи панҷшанбеи 17 июл\24 тир дар соъати ҳудуди чаҳору ним ба вақти маҳаллӣ бо инфиҷори як худрави бумбгузоришуда дар соҳаи қасабаи марбут ба ҳавзаи понздаҳуми пулис оғоз шуд ва лаҳазоте пеш бо кушта шудани чаҳорумин ва охирин фарди муҳоҷим хотима ёфт.

Аюби Солангӣ, муъовини амниятии вазорати умури дохилаи Афғонстон, дар сафҳаи Твитери худ навишта, ки муҳоҷими чаҳоруме, ки то лаҳазоте пеш бо нерӯҳои амниятӣ даргир буд, дар табақаи чаҳоруми сохтмони маҳалли даргирӣ аз пой даромад.

Пештар Ҳашматуллоҳ Истонакзай, сухангӯйи пулиси Кобул, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки пас аз инфиҷори худрав гурӯҳе аз муҳоҷимони интиҳорӣ муҷаҳҳаз ба силоҳҳои сабук ва сангин ба як сохтмони нимакора воқеъ дар наздикии фурудгоҳ ворид шуданд ва аз онҷо фурудгоҳи Кобулро ҳадаф қарор доданд.

Image copyrightGetty
Image caption Даргирӣ ҳудуди панҷ соъат ба тӯл анҷомид

Фармондеҳии пулиси Кобул гуфтааст, ки дар ин рӯйдод як пулис захмӣ шуда ва ба ҳавопаймоҳои фурудгоҳи Кобул садамае нарасидааст. Табодули оташ байни нерӯҳои пулис ва муҳоҷимон ҳудуди панҷ соъат ба тӯл анҷомид.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Ин нахустин ҳамла ба фурудгоҳи Кобул нест. Рӯзи гузашта низ ду мушак ба майдони ҳавоии Кобул исобат кард ва ҳафтаи гузашта низ фурудгоҳи Кобул ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Фурудгоҳи байналмилалии Кобул аз бузургтарин фурудгоҳҳои Афғонистон аст, ки пештар низ борҳо ҳадафи шиллики мушак ва ҳамалоти мусаллаҳона қарор гирифтааст. Ин ҳамалот боъси нигаронӣ дар мавриди амнияти парвозҳо ва ҳифозат аз муҳимтарин фурудгоҳи Афғонистон шудааст.

Гуфта мешавад, ки парвозҳое, ки имрӯз бояд дар фурудгоҳи Кобул нишаст мекарданд, дар фурудгоҳҳои Ҳирот ва Мазори Шариф нишаст карданд.

Матолиби муртабит