Дар инфиҷоре дар Кобул ду корманди дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон кушта шуданд

  • 15 Июл, 2014
Image copyrightARG
Image caption Раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар минтақаи башиддат муҳофизатшудаи Кобул аст.

Инфиҷор дар Кобул, пойтахти Афғонистон, худрави ҳомили коркунони раёсати ҷумҳуриро ҳадаф қарор дод ва ду кушта барҷой мондааст.

Ин инфиҷор рӯзи сешанбеи 15 июл рӯй дод ва фармондеҳии пулиси Кобул мегӯяд, ки дар ин рӯйдод панҷ нафари дигар низ захмӣ шудаанд, ки ҳама коркунони раёсати ҷумҳурии Афғонистон буданд. Захмиҳои инфиҷор ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ҳашмат Стонакзай, сухангӯёи фармондеҳии пулиси Кобул, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин инфиҷор ҳаволии соъати ҳафту ним ба вақти маҳаллӣ дар маҳаллаи "Арзон-қимат" марбути ҳавзаи дувоздаҳуми пулиси Кобул рӯй дод.

Оқои Стонакзай ҳамчунин гуфт, ки инфиҷор ношӣ аз як бумби канориҷодаӣ буд, ки аз роҳи дур кунтрул мешуд. Ҳанӯз ҳувияти қурбониёни ин рӯйдод эълом нашуда, аммо пулис мегӯяд, ки қурбониёни ин рӯйдод кормандони бахши матбуъотии раёсати ҷумҳурӣ буд, ки аз хона ба маҳалли кори худ мерафтанд.

Соҳаи Арзон-қимат дар масири роқи Кобул-Ҷалолобод, дар шарқи пойтахт воқеъ шуда ва пеш аз ин низ мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар ин масир ҳамалоти интиҳорӣ ва инфиҷорҳои мушобеҳ созмондеҳӣ карда буданд.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодро ба уҳда нагирифта аммо мақомҳои амниятӣ мухолифони мусаллаҳро омили ин рӯйдод медонанд.

Пойтахти Афғонистон дар муқоиса бо соири вилоятҳо аз амнияти нисбӣ бархӯрдор аст, аммо бо ин вуҷуд шӯришиёне, ки бо давлат меҷанганд ҳар аз гоҳе амалиётҳоеро дар пойтахт низ роҳандозӣ мекунанд.

Коркунони давлатӣ ҳамвора яке аз аҳдофи умдаи мухолифони мусаллаҳи давлат будаанд. Ду ҳафта пеш дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Корта-Сахии Кобул ҳафт узви артиши миллии Афғонистон кушта ва шонздаҳ нафари дигар захмӣ шуданд. Қурбониёни ин рӯйдод ҳама коркунони вазорати дифоъи миллӣ буданд.

Матолиби муртабит