Садҳо тонкери нафт дар ғарби Кобул дар оташ сӯхт
Image copyrightAFPСадҳо тонкери маводди сӯхтӣ дар як оташсӯзии бузург дар ғарби Кобул сӯхт. Ин оташсӯзӣ, ки ҷумъашаб оғоз шуда буд, то зуҳри шанбе идома доштааст.
Толибон масъулияти ин ҳодисаро ба уҳда гирифта ва гуфта бо мушак ба тонкерҳо ҳамла кардааст, аммо пулиси Кобул ин гузоришро таъйид накардааст.
Нидо Коргар, хабарнигори Би-би-сӣ, ки аз маҳалли ҳодиса дидор карда, мегӯяд акнун оташсӯзӣ маҳор шуда, вале моликони тонкерҳо гуфтаанд, ки эҳтимол меравад миқдори нафти боқимонда дар дохили тонкерҳо бо гарм шудани муҷаддад дубора оташ бигирад.
Мақомҳои пулиси Кобул теъдоди тонкерҳои оташгирифтаро 200 аррода эълом кардаанд, аммо гузоришгари Би-би-сӣ, ки аз маҳал дидор карда, мегӯяд эҳтимолан ҳудуди 400 тонкер дар ин ҳодиса сӯхтаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ низ теъдоди ин тонкерҳоро 400 аррода гузориш додаанд.
Моликони ин тонкерҳо ба Би-би-сӣ гуфтаанд тонкерҳо аз ҳудуди ду моҳ то кунун дар ин маҳал мутаваққиф буда ва мақомоти давлатӣ ба онон иҷозаи ҳаракат надодаанд.
Ба гуфтаи моликон, ин тонкерҳо марбут ба ширкатҳои хусусӣ буда, ки маводди сӯхтиро ба нерӯҳои Ноту дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон, мунтақил мекарданд.
Ин афрод таъйид карданд, ки теъдоде аз ронандагони ин тонкерҳо дар хоб буданд, ки оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваста ва ин афрод дар оташ гир уфтода ва ҷон додаанд, аммо теъдоди дақиқи кушташудагон то кунун мушаххас нест.
Пулиси Кобул ҳанӯз далели оташсӯзиро таъйид накарда, вале шоҳидон гуфтаанд бумби миғнотисӣ ё партоби мушак омили ҳодиса будааст.
Моликони ин тонкерҳо баъд аз оташсӯзӣ муқобили посгоҳи пулиси маҳал тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи ин афрод, даргирӣ миёни онон ва пулис мунҷар ба захмӣ шудани ҳафт тан шудааст. Ҳамчунин угфта мешавад афроди хашмгин посгоҳи пулисро дар маҳал оташ заданд.
Пулиси Кобул бо ирсоли хабарномае таъйид карда, ки ҳаволии соъати 10:30 дақиқаи шаби гузашта ба далели номушаххас теъдоде аз тонкерҳои сӯхти марбут ба як ширкати хусусӣ дар минтақаи Чавки Арғандаи Кобул оташ гирифт.
Дар ин эъломия омада, ки оташсӯзӣ нахуст шадид буд, вале баъд аз расидани нерӯҳои оташнишон таҳти кунтрул даромад, ҳарчанд то кунун ба сурати комил маҳор нашуда ва оташсӯзӣ идома дорад.
Наҷиби Дониш, муъовини сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Афғонистон, дар бораи ин ҳодиса ба Би-би-сӣ гуфт, ки дишаб ба далели инфиҷор дар тонкерҳои сӯхт, ки қарор буд ба вилояти Ғазнӣ дар ҷануби Афғонистон мунтақил шавад, ибтидо теъдоде тонкер оташ гирифт ва баъд ба соири тонкерҳо сироят кард.
Гурӯҳи Толибон муддаъӣ шуда, ки онон ба корвони сӯхткашҳои Ноту ҳамла карда ва боъиси ин оташсӯзӣ шудааст.
Дар гузашта, шӯришиёни мусаллаҳ дар Афғонистону Покистон умдатан ба корвонҳое ҳамла кардаанд, ки ба нерӯҳои Ноту сӯхт ва коло мерасонданд.
