Ҳамла ба як диплумоти тоҷик дар шимоли Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceРустам Маҳмудӣ, кунсули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар роҳи сафар аз шаҳри Файзобод ба Қундуз ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст.
Ин воқеъа қабл аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 16 май дар минтақаи Хонободи вилояти Қундуз иттифоқ уфтода ва оқои Маҳмудӣ бо ҷароҳоти мухталиф ба бемористоне дар шаҳри Қундуз мунтақил шудааст.
Абдулфайз Атоев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, зини таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ин ҳамла замоне сурат гирифта, ки диплумоти тоҷик бо худраве аз Бадахшон ба самти Қундуз дар ҳаракат буд.
Вай гуфт: "Дар роҳ афроди мусаллаҳ худрави диплумоти тоҷикро таъқиб кардаанд ва чун ӯ суръатро суст карда, ҳадафи тирандозии ин афрод қарор гирифтааст. Дар натиҷа, Рустам Маҳмудӣ аз дасти рост ва пояш маҷрӯҳ шуда ва ҳоло дар бемористони Қундуз барои хориҷиҳо бистарӣ аст."
Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, ки вазъи оқои Маҳмудӣ пас амалиёти ҷарроҳӣ беҳтар шуда ва суҳбат мекунад. Қарор аст пизишкони жопунӣ дар бемористони Қундуз як амали дигари ҷарроҳӣ бо ӯ анҷом диҳанд. Дар сурати зарурат ӯ ба ватан интиқол дода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи оқои Атоев, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон ба таҳқиқи муштараки ин ҳодиса ва шиносоии ҳувияти афроди муҳоҷим оғоз кардаанд. Вай афзуд, ки ин воқеъа дар равобити самимӣ ва дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеч таъсире нахоҳад гузошт.
Қаблан расонаҳои Афғонистон дар истинод ба Саид Сарвар Ҳусайнӣ, як масъули пулиси вилояти Қундуз, навишта буданд, ки мошини кунсули Тоҷикистон ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳ қарор гирифта ва худи ӯ маҷрӯҳ шудааст, вале касе дигар аз ҳамроҳонаш осеб надидааст.
Пулиси маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯяд, ки то ҳол ҳеч гурӯҳ ва ё фарде масъулияти ҳамла ба диплумоти тоҷикро ба дӯш нагирифтааст. Аммо гурӯҳи Толибон дар ҳафтаи ҷорӣ ҳамалоти худро дар манотиқи мухталифи Афғонистон афзоиш додааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 килуметр марзи муштарак дорад. Давлатҳои ин ду кишвар бо ҳам равобити хубе доранд. Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод, дар шимоли Афғонистон, кунсулгарӣ дорад.
