Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси шӯрои сеҷониба бо Эрону Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидор бо руасои ҷумҳури Эрону Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбеи 27 март дар Кобул анҷом шуд, хостори таъсиси як ниҳоди ҳамоҳангсози равобити сеҷониба шуд.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон пешниҳод карда, ки "ба манзури таъмини сатҳи нави равобит Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон эҷод шавад ва зери назари сарони се кишвари дӯст фаъъолияти густурда намояд."
Дар мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони ин се кишвар масоили марбут ба таҳкими амният ва сабот дар минтақа, рушди ҳамгироии иқтисодию тиҷорӣ ва иҷрои тарҳҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, аз ҷумла дар бораи бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои нафту газ баррасӣ шудааст.
Оқои Раҳмон ҳамчунин хоста, ки ҳамоиши сегонаи раҳбарони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир шавад. Ҳамроҳ бо ин мулоқот ӯ хостори баргузории намоишгоҳҳои дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва нишастҳои донишмандону фарҳангиёни се кишвар низ шудааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии дурӯзаи худ ба Кобул, пойтахти Афғонистон, ва ширкат дар маросими байналмилалии Наврӯз, дар мулоқоте чаҳорҷониба байни раҳбарони ин се кишвар ва Покистон низ ширкат ва суханронӣ кардааст.
