Имзои чаҳор санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Дар ҷараёни сафари расмии Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон чаҳор мувофиқатномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мақомоти ду кишвар гуфтанд, ки имрӯз масъулони ду кишвари ҳаммарз, аснодеро дар бораи густариши муносибатҳои дутарафа, минрубӣ, ҳамкорӣ дар заминаи бима ва роҳандозии гузаргоҳҳои марзии ҷадид имзо карданд.
Раҳбарони ду кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон баъд аз анҷоми мулоқотҳо эъломияи муштаркаеро барои густариши ҳамкориҳои байни кишварҳояшон ба имзо расониданд.
Пружаҳои Тоҷикистону Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи душанбеи 21 октябр баъд аз мулоқоти як ба як ва фаъъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ду кишвар, ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар ин дидор роҳҳои тақвияти равобит ва ҳамкориҳои байни Кобул ва Душанберо баррасӣ кардаанд.
Меҳвари аслии гуфтугӯи оқоён Раҳмон ва Карзай "тақвият ва таҳкими муносиботи Тоҷикистону Афғонистон ва дастёбӣ ба сатҳи баланд ва ҷадиди ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар" унвон шуд.
Оқои Раҳмон дар мавриди масоили аслии матруҳа дар мулоқот гуфт: “Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегияи (истротежи) мубориза бо терроризм, ифротгароии ҷангталаб, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин росто Тоҷикистон иброз дошт, ки бо назардошти пешояндҳои вазъ дар соли 2014 баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ҳамкориҳои муассири худро бо ҳамаи ниҳодҳои кишвари ҳамсоя, (Афғонистон) аз ҷумла дар бахшҳои низомиву амниятӣ ва марзӣ густариш хоҳад бахшид.”
Оқои Раҳмон ҳамчунин бо ёдоварӣ аз пружаҳои миёни иддае аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи роҳ ва иртиботот гуфт: “Дар ин росто ба татбиқи барномаҳои стратегӣ (истротежик) ва ниҳоят муҳими иқтисодӣ, тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, хатти интиқоли барқи Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон (КАСА - 1000) таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо имкони татбиқи тарҳи роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эронро баррасӣ намуданд.”
Оқои Раҳмон гуфт, Тоҷикистон метавонад дар ин замина дар тарбияти кодрҳои ҳирфаии кормандони роҳи оҳан ба Афғонистон кумак кунад.
Мавонеъ дар роҳи рушди ҳамкориҳо
Бар асоси гузоришзҳои расмӣ дар даҳ солаи ахир мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Афғонистон сад баробар афзоишро нишон медиҳад.
Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, ки дар ҷараёни мулоқотҳои ҷонибҳо ширкат дошт, имзои санадҳои ахир миёни Афғонистону Тоҷикистонро барои ҳар ду ҷониб муҳим хонд.
Вай аз ҷумла дар мавриди ҳамкориҳои марзии ин ду кишвар гуфт: “Ин санад фаъъолияти амалӣ ва қонунии ду пули иртиботӣ миёни ин ду кишвар, яъне яке дар минтақаи Ванҷи вилояти Бадахшон, ки бо навоҳии Ҷомарҷи Афғонистон ва дигаре, ки Шоҳони моро бо Хоҳони он кишвар васл мекунад, фароҳам месозад.”
Оқои Имомов ҳамчунин ба афзоиши мизони тиҷорати коло миёни ду кишварҳо хушбин аст ва мегӯяд, ки ба Афғонистон Тоҷикистон бештар нерӯи барқ интиқол медиҳад.
Вай афзуд: “Мо ба Афғонистон аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ ва зуғолсанг низ содир мекшавад ва афзоиши содироти имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон бештар ҷойҳои корӣ барои сокинон пайдо шавад.”
Аз сӯйи дигар бисёре аз тоҷирони Афғонистон, ки колои мухталифро аз кишварашон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, аз душвориҳои зиёде ба ҳангоми интиколои коло шикоят мекунанд.
Иддае аз онҳо гуфтаанд, ки таъхир дар бозрасии колоҳои тиҷорӣ дар гузаргоҳи Панҷи Поён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва дарёфти раводиди Тоҷикистон барои густариши бештари табодули коло миёни ин ду кишвар ва тавсеъаи тиҷорат монеъ мешавад.
Аз сӯйи дигар коршиносон мегӯянд, ки фасоди густарда дар миёни кормандони давлатӣ барои ҷалби тоҷирон ба Тоҷикистон ва сармоярезии хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ниp мавонеъ эҷод кардааст.
Аммо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон имрӯз дар гуфтугӯ бо иддае аз хабаргузориҳо мавҷудияти чунин мушкил миёни кишвараш ва Афғонистонро такзиб кард.
Худоҳофизӣ бо Тоҷикистон
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ки бо як ҳайаъти бузурге аз мақомоти он кишвар ба Тоҷикистон омад ба тақвияти ҳамориҳои миёни ду кишвар дар оянда таъкид кард. Ин сафари ҳаштуми вай ба Тоҷикистон мебошад.
Оқои Карзай гуфт дар 12 соле, ки ӯ раҳбарии Афғонистонро бар уҳда дорад, ӯ ба Тоҷикистон сафар мекунад ва рушди назарраси ин кишварро мушоҳида мекунад.
Мулоқоти руасои ҷумҳури ду кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳарду дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дошта ва аммо оқои Карзай баъд аз гузашти 12 сол, ки ӯ раҳбарии Афғонистонро бар уҳда дорад, ҳаққи ширкат дар интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистонро надорад.
Зеро қонуни мавҷуд дар Афғонистон иҷоза намедиҳад якфард беш аз ду давра дар симати раёсати ҷумҳурӣ боқӣ бимонад. Аммо давлати Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 Қонуни асосии ин кишварро ислоҳ карда, муддати раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро аз 5 то 7 сол тамдид ва пешбарии муҷаддади номзадии Раҳмон ба интихоботро фароҳам сохтааст.
