Дар Афғонистон як табаъи тоҷик кушта шуд
Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои пулиси Афғонистон дар вилояти Кундузи ин кишвар 7 размандаи маҳаллӣ бо шумули як табаъи тоҷик кушта шудаанд.
Сойти интернетии “Afghanistan.ru” аз қавли Сарвар Ҳусейнӣ, сухангӯйи пулиси вилояти Кундуз хабар додааст, Башир Аҳмад, шаҳрванди тоҷик, ки дар як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии маҳаллӣ узвият доштааст, дар ҷараёни даргириҳо дар минтақаи Имом-Соҳиби ин вилоят ҷон бохтааст.
Бино ба иттилоъи шабакаи телевизиюни “Ориёно-ТВ”-и Афғонистон, ба дунболи ҳамлаи размандагон ба корвони худравҳои пулис ин амалиёт роҳандозӣ шудааст.
Ҳанӯз ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд.
