Ихтисоси 50 ҳазор сомонӣ барои беҳбудии вазъи минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"

Ҳукумати вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, аз будҷаи вилоят панҷоҳ ҳазор сомониро ба манзури бозсозии минтақаи озоди иқтисодии мавсум ба "Панҷ" ихтисос додааст.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки сармояи ихтисосёфта барои бунёди лулаҳои обрасон ва таъмини ин минтақа бо маводди сӯхт масраф хоҳад шуд.
Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки барои рушди иқтисодӣ дар вилоят, масъулони давлатӣ омода ҳастанд, дар оянда низ ба ин минтақа кумакҳои зиёде кунанд.
Оқои Авзалов мегӯяд: "Мушкили минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"-ро медонем ва кумаки моли расонида шуд ва умед мекунем, ки фаъъолияташро хуб кунад. Дар ин минтақа об, гоз нест, ки сармоядорон биёянду ҳамкорӣ кунанд. Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" дар гузаргоҳи Панҷи поён дар ноҳияи Қумсангир қарор доранд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ барои фаъъолият хуб буда ва дар сурати рушди фаъъолият даромади хуберо барои сокинон ва ҳамзамон ба будҷаи вилоят ворид мекунад."
Кумаки ҳукумати маҳаллӣ ба минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" дар ҳолест, ки масъулини минтақаи озод мегуфтанд, ки ба хотири набуди сохторҳои зербаноӣ, аз ҷумла адами шабакаҳои мухобиротӣ, гоз ва лулаҳои обкашонӣ, имкони ҷалби соҳибкорони хориҷӣ ва сармоягузорон ба ин минтақа вуҷуд надошт.
Аммо ҳоло онҳо мегӯянд, ки дар сурати рафъи ин камбудиҳо шароити мусоиде барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба фаъъолият дар ин минтақа фароҳам хоҳад шуд.
Ҳамчунин коршиносон мегӯянд, ки агар ин минтақа бо қудрати комил ба фаъъолият оғоз кунад, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ, ки бо мушкили бекорӣ рӯбарӯ ҳастанд, бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Қудратулло Олимов, масъули утоқи бозаргонӣ ва тиҷорат дар вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"-ро барои ҷалби фаъъолият ба даҳҳо соҳибкорони хориҷӣ муъаррифӣ мекунанд, вале баъди он ки ин соҳибкорон бо шароити фаъъолият ва камбудиҳои мавҷуда дар он ошно мешаванд, аз кор дар ин минтақа канорагирӣ мекунанд.
Оқои Олимов гуфт, ки барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд шароити хуби корӣ муҳайё бошад то онҳо барои фаъъолият дар ин макон алоқаманд шаванд.
Комилҷон Усмонов, яке аз масъулони минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" дар суҳбати телефонӣ адами мавҷудияти воҳидҳои зербаноӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодиро таъид кард.
Оқои Усмонов гуфт ин минтақа чаҳорсад ҳектор замин дошта дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир шудаааст. Вай афзуд, ки макони минтақа ба сармоягузорон ва соҳибкорон писанд меояд, аммо мушкили набуди шароити хуб барои фаъъолият онҳоро аз ҳамкорӣ канор мегирад.
Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" дар ҷануби Тоҷикистон, яке аз нахсустин минтақаҳои озоди иқтисодӣ аст, ки дар моҳи майи соли 2008 таъсис ёфт, аммо баъди фаъъолияти кутоҳаш натавонист, ки сармоядорони хориҷиро барои ҳамкорӣ ҷалб кунад.
Ҳоло дар ин минтақа танҳо се ширкати маҳаллӣ корхонаҳои тавлиди маҳсулоти сохтмонӣ ва куди маъданиро сохта ва ин корхонаҳо баъди муддате аз фаъъолият бо сабаби мушкили набуди об ва маводди сӯхтӣ аз фаъъолият бозмондаанд.
Масъулон мегӯянд дар ин панҷ сол ҳамин душвориҳо барои ҷалби сармоягузорон ва бунёди корхонаҳои дигар дар ин минтақа мавонеъ эҷод кардаанд.
Ба ин мушкилоти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" ширкаткунандагони ҳамоиши зери унвони "Тавонмандиҳои минтақаҳои иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон", ки ҳудуди як соли қабл доир шуд, таъкид карда буданд.
Дар ин ҳамоиш гуфта шуда буд, ки минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" баъд аз мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки тавассути он коло ва маҳсулоти зиёди мухталиф аз Афғонистону Покистонро ба вилояти Хатлони Тоҷикистон ворид мешавад, макони мувофиқ барои бунёди корхонаҳои санъатӣ аст.
Ва дар ин нишаст низ ба зарурати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин минтақа ва минтақаи дигари иқтисодии мавсум ба "Данғара" таъкид ва ҳамчунин ихтисоси сармоя барои рушди он аз будҷаи давлатӣ ва таъмини он бо обу маводди сӯхт низ ишора шуда буд.
Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дувумин минтақа дар вилояти Хатлон аст, ки биноҳои корӣ барои кормандонаш сохта шудааст ва ду ширкати хориҷӣ дар ин минтақа корхонаҳои тавлидии собун ва маводи шимиёиро сохтаанд.
Ҳарчанд дар ноҳияи Данғара сокинони рустоҳои кӯҳистон аз оби тозаи нушиданӣ танқисӣ мекашанд, вале дар минтақаи иқтисодии "Данғара" ҳудуди 50 милиюн сомонӣ танҳо барои обёрӣ ба ин минтақа ихтисос ёфтааст.
