Муҳаммадиев: Бозӣ бо тими Афғонистон ҷиддӣ ва чолишбарангез аст

  • 3 Май, 2014
МуҳаммадиевImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Муҳаммадиев (аз рост) мегӯяд, ки бозии рӯзи якшанбе чолишбарангез хоҳад буд

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббиии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, мегӯяд, ки бозии дӯстонаи рӯзи якшанбе бо тими мунтахаби Афғонистон ҷиддӣ ва чолишбарангез хоҳад буд.

Оқои Муҳаммадиев дар ин бора дар нишасти хабарие бо ширкати сармураббиёни тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистоун Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар меҳмонхонаи "Эйша-Гранд" доир шуд, ибрози назар кард.

Бозии дӯстонаи ду тим баъд аз зуҳри рӯзи якшанбеи 4 май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Бозикунони тими мунтахаби Афғонистон барои ширкат дар ин бозӣ рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шуданд.

Дар нишасти хабарии баъд аз зуҳри рӯзи шанбе сармурабиёни тимҳои мунтахаби футболи ду кишвар қабл аз бозии дӯстона ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Нахуст Муҳаммад Юсуфи Коргар, сармураббии тими мунтахаби футболи Афғонистон, ба суолҳои хабарнигорон посух гуфт.

Вай аз ҷумла гуфт, ки барои тими миллии Афғонистон ширкат дар бозии дӯстона бо Тоҷикистон қабл аз ҳама барои баланд бурдани сатҳу кайфияти футбол дар минтақа ва инкишофи ҳарчи бештари ин навъи варзиш дар Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим аст.

Бозии дустонае, ки 4 июни соли гузашта дар шаҳри Қурғонтепа миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон барпо шуд, бо пирӯзии тими Тоҷикистон ба поён расид.

Он замон оқои Коргар гуфта буд, ки дар ин бозӣ довар ба иштибоҳоте роҳ дод, вагарна тими Афғонистон пирӯз мешуд ё ҳадди ақал бозӣ мусовӣ анҷом мешуд. Вай гуфта буд, ки бозикунони калиди тими Афғонистон он замон дар бозӣ ширкат надоштанд.

Ин навбат ҳам оқои Коргар асомии ҳафт нафар аз бозикунони тимии миллии Афғонистонро бурд, ки фардо дар бозии дӯстона бо Тоҷикистон ҳузур нахоҳанд дошт. Аммо Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ин иттилоъро ғайрисаҳеҳ хонд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Коргар мегӯяд, ки бозикунони калидии тими Афғонистон дар бозӣ ҳузур нахоҳанд дошт

Вай гуфт, ки бештари бозикунони тими миллии Афғонистон, ки дар бошгоҳҳои дигар, аз ҷумла дар бошгоҳҳои урупоӣ бозӣ мекунанд, ба Тоҷикистон омадаанд ва фардо аз номи тими миллии худ бозӣ хоҳанд кард.

Оқои Муҳаммадиев зимни посух ба суолоти хабарнигорон гуфт: "Мо чанд навори бозии тими миллии Афғонистонро бо ҳамроҳии тими миллии Тоҷикистон тамошо кардем ва мебинем, ки онҳо бештар аз токтикҳои урупоӣ кор мегиранд, ки ин барои бозикунони мо чолишбарангез аст."

Ба эътиқоди оқои Муҳаммадиев, ин навбат тими миллии Афғонистон бо ҳайъати ҷадиде вориди Тоҷикистон шуда ва омодагиҳои бештаре барои ин бозӣ дидаанд. Ҳамчунин, футболбозони афғон, ки дар бошгоҳҳои футболи Урупо ва кишварҳои дигар бозӣ мекунанд, ҷузъи тими миллии худ ҳастанд.

Тими миллии Афғонистон бо 18 футболбоз ва панҷ нафар аз дастандаркорони дигари худ барои рақобат бо тими мунтахаби футболи Тоҷикистон вориди ин кишвар шудааст. Қарор аст бозии ду тим аз тариқи телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шавад.

Матолиби муртабит