Тими футболи духтарони тоҷик дар Сри-Лонко мақоми чаҳорумро гирифт
Image copyrightBBC World ServiceТими мунтахаби футболи духтарони зери синни 14-и Тоҷикистон баъд аз ширкат дар мусобиқоти футбол барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Сри-Лонко ба ватан бозгашт.
Тавре ки манобеъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон гуфтанд, ин нахустин бор аст, ки тими духтарони бозикуни футболи тоҷик дар хориҷ аз кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кардааст.
Фаридун Солеҳов, як масъули ин федеросиюн, рӯзи панҷшанбеи 27 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки тими мунтахаби духтарон соъати 06:00-и вақти маҳаллӣ ба Душанбе расидааст. Вай гуфт, ки ин тим дар мусобиқоти Сри-Лонко мақоми чаҳорумро аз миёни 6 кишвари ширкаткунанда ба худ ихтисос додааст.
Оқои Солеҳов гуфт: "Тими Эрон бо ҳисоби 0-6 духтарони варзишгари моро мағлуб кард ва духтарони мо бозиро бо тими Ҳинд бо ҳисоби 1 бар 7 бохтанд. Тими мунтахаби Непол бар тими мо бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд."
Аммо дар ин мусобиқот духтарони бозигари футболи тоҷик бар тими Сри-Лонко бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз омаданд. Тими футболи Бутон низ бо ҳисоби 0-3 бозиро бо духтарони тоҷик бохтааст.
Дар мусобиқоти футболи духтарон дар Сри-Лонко, ки аз 20 то 25 март доир шуд, тими мунтахаби Эрон пирӯзӣ ба даст оварда ва мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Дар ин мусобиқот 14 тим аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ширкат доштанд ва дар радабандии бозиҳо тимҳои Тоҷикистону Эрон дар як давра бо чаҳор кишвар, аз ҷумла Сри-Лонко, Бутон, Ҳинд ва Непол мусобиқа кардаанд.
Сулаймон Бобокалонов, мураббии ин тим, гуфт, ки тамоми духтарон дар ин сафар маҳорати хуб нишон доданд ва дар ин мусобиқот се бозикуни футболи тоҷик ба унвони беҳтарин варзишгарон қадр шуданд.
Оқои Бобокалонов мегӯяд: "Копитони даста Муниса Мирзоева ва Марҷона Файзуллоева ба унвони беҳтарин бозикуни футбол дониста шуданд. Ин духтарон тӯпҳоро ба дарвозаи ҳарифон ворид карданд."
Оқои Бобокалонов мегӯяд, ки тамринҳои қабл аз ширкат дар мусобиқотро тими мунтахаби футболи духтаронаи тоҷик дар шаҳри Норак мегузаронад. Ба гуфтаи ӯ, ин тим мушкилоти молӣ надорад, аммо камбуди футболбозони ҷавони духтар дар тим эҳсос мешавад.
Ин нахустин сафари духтарони бозикуни футболи ҷавони Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар буда, аммо қарор аст чанде аз духтарони ин тим дар тирамоҳи имсол дар мусобиқоти футболи духтаронаи зери синни 16-и кишварҳои осиёӣ, ки дар Банглодеш баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Ба гуфтаи мураббии тим, барои пирӯзӣ дар ин мусоибиқа ва мусобиқоти дигари футбол ниёз ба гузарондани тамриноти бештари тими мунтахаби футболи духтарона вуҷуд дорад.
Ширкати тими футболи духтарони тоҷик дар мусобиқоти футболи байналмилалӣ дар ҳолест, ки рӯзи қабл Ҷузеф Блотер, раиси Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол (FIFA) бозии футбол миёни занону духтарон, бавижа дар кишварҳои мусалмониро, барои таъмини баробарҳуқуқии занон муҳим арзёбӣ кард.
Оқои Блотер афзуд, ки бозии футбол танҳо хосси мардҳо ва писарон нест.
Гуфта мешавад, ки бозии футбол дар миёни духтарон дар Тоҷикистон дар солҳои ахир маҳбубияти хоссе пайдо карда ва дар ин кишвар беш аз 10 тими духтаронаи футбол вуҷуд дорад.
