Раиси ФИФО: Бозии футбол танҳо барои мардон нест

  • 26 Март, 2014
Рустами Эмомалӣ ва Ҷосеф БлаттерImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Блотер ва Рустами Эмомалӣ нишонаҳои ҳарду федеросиюнро ба ҳам радубадал карданд

Раиси Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол (FIFA) бозии футбол миёни занону духтарон, бавижа дар кишварҳои мусалмониро, барои худогоҳии занон ва духтарон ва баробарҳуқуқии онҳо муҳим арзёбӣ кард.

Ҷузеф Блотер (Joseph S. Blatter) мегӯяд дар ҷаҳони имрӯз, ки мардумони мухталифе дар он ба сар мебаранд, муҳим аст, ки занон ва духтарон тавонанд ҳатто дар кишварҳои исломӣ ба ин навъи варзиш машғул шаванд.

Ин мақоми ФИФО, ки барои ошноӣ бо вазъи футбол вориди Душанбе шудааст, рӯзи чаҳоршанбеи 26 март ҳамчунин гуфт, ки бозии тимҳои футболи Тоҷикистонро тамошо карда ва нисбат ба тавсеъаи ин навъи варзиш дар ин кишвар хушбин аст.

Вазъи футболи тоҷик

Оқои Блотер дар севумин сафараш ба Тоҷикистон ду майдони футболро ифтитоҳ кард ва санги пойдевори як варзишгоҳи дигареро гузошт. Вай дар расми ифтитоҳи ҷашнвораи футболи кӯдакон ва навҷавонон низ, ки ба муносибати оғози "Соли футбол барои ҳама" дар Тоҷикистон доир мешавад, ширкат дошт.

Ҷузеф Блотер дар ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ мулоқот кард. Рӯзи чаҳоршанбеи 26 март бо ширкати ӯ ва Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Дар ин нишаст оқои Блотер аз натоиҷи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон иттилоъ дод. Сипас ӯ ва Рустами Эмомалӣ, ки фарзанди раисҷумҳури Тоҷикистон аст, нишонҳои ҳарду федеросиюнро раддубадал карданд.

Оқои Блотер зимни арзёбӣ аз вазъи футбол дар Тоҷикистон гуфт, ки барои тавсеъаи футбол дар ин кишвар зербаноҳои варзишӣ, истеъдодҳои камназир ва зарфиятҳои фаровон мавҷуд аст.

Оқои Блотер афзуд: "Дар раддабандии ФИФО тими миллии Тоҷикистон дар мақоми 121 қарор дорад. Мо умедворем, ки дар ояндаи наздик тими футболи тоҷик ба ҷойгоҳи болотаре суъуд кунад. Мо мехоҳем, ки тими зери 17-и Тоҷикистон низ дар мусобиқоти байналмилалии ФИФО ширкат кунад."

Раиси Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол гуфт, ки аз тамошои бозии тимҳои "Равшан" ва "Истиқлол" розӣ аст ва аз суръат ва маҳорати бозикунон хушаш омадааст. Вай гуфт ҳарчанд доварон ҳангоми ба замин уфтодани бозикунон андаке даступоча шуданд, вале корашон дар маҷмӯъ хуб буд.

Занон ва футбол

Оқои Блотер ба ин суол, ки оё бозии футбол барои занон ва духтарон ҳам ҷоиз аст, чунин посух дод, ки занон ва духтарон ҳаққи иштиғол ба ин навъи варзишро доранд ва бояд дар ин замина фаъъол бошанд. Ӯ афзуд, ки бозии футбол танҳо хосси мардҳо ва писарон нест.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Блотер дар ин сафар ду варзишгоҳи футболро ифтитоҳ кард ва санги пойдевори варзишгоҳи дигареро гузошт

Ба гуфтаи ӯ, се зан аз аъзои фаъъоли кумитеи иҷроии Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол буда ва раҳбарии ин ниҳод барои тавсеъаи футболи занона талош мекунад.

Оқои Блотер афзуд: "Дар ин кишвар (Тоҷикистон) низ духтарон футболбозӣ мекунанд ва ман имрӯз тамрини духтарони 6 то 12-соларо дидам. Дар Тоҷикистон ин иқдоми хубе барои тавсеъаи футболи занона аст."

Ин мақоми Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол мегӯяд, ки дар ҷаҳони имрӯз муҳим аст, ки занон ва духтарон битавонанд ҳатто дар кишварҳои исломӣ ба ин навъи варзиш машғул шаванд.

Ӯ афзуд: "Ман дар бораи Тоҷикистон намегӯям, ин ҷо фарҳанг дигар аст. Аммо дар бархе аз кишварҳои арабӣ, ки занон ва мардон ҳуқуқ ва имконоти баробар надоранд, занон на танҳо аз ҳаққи футболбозӣ, балки аз ҳаққи мушорикат дар умури иҷтимоъӣ низ маҳруманд."

Ду сол пеш Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мусобиқоти футбол миёни духтарони зери синни 17-ро баргузор кард, ки дар ин мусобиқот тимҳо аз саросари ҷаҳон ширкат карданд. Ин мусобиқот тибқи қавоъиди маъмулии футбол ва бо либосҳои варзишии хосси ин навъи варзиш доир шудааст.

Оқои Блотер ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2016 дар Урдун, яке аз кишварҳои арабӣ, мусобиқоти футбол миёни духтарони зери синни 17 доир мешавад. Қарор аст, ки дар ин мусобиқот тимҳо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои исломӣ, ширкат кунанд.

Ин севумин сафари раиси Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол ба Тоҷикистон дар даҳ соли ахир аст. Аммо ба гуфтаи мунтақидон, ин сафарҳо ҳанӯз барои тавсеъаи футбол дар ин кишвар муассир воқеъ нашудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки сармоягузории кофӣ, мудирияти беҳтар ва дастбакор шудани афроди мутахассис ва ҳирфаӣ дар арсаи футбол метавонад заминаи тавсеъаи ин навъи варзиш дар Тоҷикистонро фароҳам созад.

Матолиби муртабит