Тоҷикистон дар радабандии ФИФО ду рада боло рафт

  • 21 Декабр, 2013
футбол
Image caption Тоҷикистон миёни 46 тими мунтахаби футболи Осиё дар мақоми 15 қарор дорад

Дар охирин радабандии тимҳои миллии ҷаҳон дар соли ҷорӣ, ки Фидеросиюни Байналмилалии Футбол (FIFA) ба таърихи 19 декабр эълом кард, ҷойгоҳи тими миллии футболи Тоҷикистон ду рада боло рафта ва дар мақоми 114 қарор гирифтааст.

Дар радабандии ФИФО дар охири моҳи ноябр тими мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 116 қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки дар муддати як моҳи охир футболбозони тоҷик ягон бозӣ анҷом надодаанд ва бо ин ҳол мавқеъи тими миллӣ ду рада боло рафтааст.

Дар радаи аввали Федеросиюни Байналмилалии Футбол тими мунтахаби Испониё ва баъд аз он Олмону Оржонтин қарор доранд. Батозагӣ мунтахаби Куламбиё дар мақоми чаҳорум ҷой гирифтааст.

Аммо тими мунтахаби Итолиё, ки чаҳор маротиба қаҳрамони ҷаҳон шуд, дар мақоми ҳафтуми ин радабандӣ ва тими Бразил, ки тобистони соли 2014 мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футбол хоҳад буд, дар радаи 10 қарор доранд.

Тоҷикистон дар миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиё мақоми 15 ва дар миёни ҷамоҳири шӯравии собиқ мақоми 11-ро дорад.

Тими мқнтахаби Тоҷикистон дар ин радабандӣ баъд аз тимҳои миллии Укройн, Русия, Арманистон, Узбакистон, Белорус, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Эстунӣ, Мулдовӣ, Гурҷистон ва Литвонӣ қарор доранд.

Аммо тимҳои миллии Латунӣ, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон бо имтиёзҳои камтар баъд аз мунтахаби Тоҷикистон дар ин радабандӣ ҷой гирифтаанд.

Матолиби муртабит