Тими наврасони "Истиқлол"-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистон шуд

  • 19 Октябр, 2013
футболи наврасон
Image caption Тими футболи наврасони "Истиқлол" медоли тило ва ҷоми мусобиқоти футболи кишварро бурд

Тими футболи наврасони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни наврасони 12-13-сола унвони қаҳрамониро ба худ ихтисос дод.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони 12 ва 13 сола, ки ҳашт тим дар марҳилаи аввали он дар шаҳру навоҳӣ пирӯз омаданд, тайи чаҳор рӯз, аз 14 то 18 октябр дар майдони дорои чамани маснӯъӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт идома дошт.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқот "Истиқлол" тими "Ли-Нинг"-ро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб кард ва "Зутур" "Равшан"-ро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дод.

Дар мусобиқоти ниҳоӣ баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 18 октябр дар майдони дорои чамани маснуъӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе наврасони тими "Истиқлол" бо ҳисоби 2 бар 1 ҳарифони худ аз тими "Зутур"-ро шикаст дода, ҷоизаи аслии ин мусобиқот, ҷом ва медоли тилоро ба худ ихтисос доданд.

Даври дувуми мусобиқоти футболи кишвар миёни наврасони 14-19-сола аз 21 то 1-уми ноябр дар чамани маснӯъии майдони варзишии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.