Тоҷикистон дар радабандии ФИФО як рада боло рафт

  • 17 Октябр, 2013

Бар асоси радабандии Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол (FIFA), ки рӯзи панҷшанбе 17-уми октябр эълом шуд, Тоҷикистон аз мақоми 117-ум як рада боло рафта ва дар мақоми 116 ҷой гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи август Тоҷикистон дар радаи 114 қарор дошт.

ФИФО ҳар моҳ радабандии футболро дар ҷаҳон анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15-уми октябр бар тими Қирғизистон бо ҳисоби калони 4 бар 1 пирӯз шуд ва имкон дорад ин муваффақият дар вазъияти футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФО асаре дошта бошад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин 14 август дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар шимоли кишвар, дастаи Ҳиндро бо ҳисоби калони 3 бар сифр мағлуб карда буд.

Ин нахустин дастоварди футболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, буд.

Аз миёни ҷамоҳири шӯравии собиқ Русия дар рада 19, Укройн дар радаи 20 ва Арманистон дар радаи 38 қарор доранд. Аммо аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тими мунтахаби Узбакистон пешсаф буда ва дар радабандии ФИФО дар мақоми 55 ҷой гирифтааст.

Дар радабандии феълии Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол Испониё дар мақоми аввал ва Олмону Оржонтин дар радаҳои дуюму сеюм қарор доранд.