ФФТ: Бозии ҷавобии футболбозони тоҷик бо дастаи Қирғизистон баргузор намешавад

Федеросиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ) эълом кард, ки бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи оянда баргузор нахоҳад шуд.
Интизор мерафт, ки ин бозӣ рӯзи 15 ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом шавад.
Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ, рӯзи чаҳоршанбеи 30 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин тасмим ҷанбаи сиёсӣ надошта ва ба далели масруф будани дастаи мунтахаби Қирғизистон дар бозиҳои байналмилалӣ иттихоз шудааст.
Дар назар аст, ки дастаи Қирғизистон рӯзҳои 1, 11 ва 19 ноябри соли ҷорӣ бо дастаҳои Андунезӣ, Кувайт ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бозиҳои дӯстона анҷом диҳад.
Аз сӯйи дигар, оқои Маҳмадшоев таъкид кард, ки дар мавриди бозии дӯстонаи ҷавобӣ бо дастаи Қирғизистон рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек тавофуқи лафзӣ ҳосил шуда ва дар ин замина ҳеч гуна санаде имзо нашудааст.
Ҳамчунин, дар бораи баргузории бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи оянда бояд Федеросиюнҳои Ҷаҳонӣ ва Осиёии Футбол дар ҷараён гузошта шаванд.
Масъулони Федеросиюни футболи Тоҷикистон ҳадсу гумонҳо дар мавриди тира шудани равобити федеросиюнҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи мухолифат ва занозании футболбозони тоҷику қирғизро такзиб карданд.
Дар бозии дӯстонаи ин дастаҳо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ, ки бо пирӯзии дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 1 анҷом ёфта буд, Мака Кум ва Далер Тухтасинов, футболбозони қирғизу тоҷик, ба ҷони ҳамдигар дарафтоданд.
Ҳаводорони футболи қирғиз дар вокуниш ба ин ҳодиса ба майдони футбол ошғоли мухталиф, аз ҷумла, зарфҳои плостикиро партоб карданд.
Танҳо бо талошҳои муштараки раҳбарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон занозанӣ қатъ шуда ва довар ин ду футболбозро аз майдон ихроҷ карда буд.
