Ширкати тими футзоли Тоҷикистон дар мусобиқоти осиёӣ дар Тошканд

  • 25 Сентябр, 2013
футбол

Тими миллии футзоли Тоҷикистон дар даври муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии осиёии соли 2014 дар шаҳри Тошканди Узбакистон ширкат хоҳад кард.

Тими миллии футзол ва ё футболи хурди Тоҷикистон бо раҳбарии Дамир Камолиддинов, сармураббии ин тим, дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014, ки аз 5-ум то 7-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Барои расидан ба даври ниҳоии мусобиқот дар гурӯҳи "А" дар баробари тими мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон рақобат хоҳанд кард.

Сойти расмии Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нахустин бозии тими мунтахаби Тоҷикистон ба торихи 5-уми сентябр муқобили тими миллии Қирғизистон баргузор мешавад.

Рӯзи 6-уми ноябр футболбозони тоҷик бо бозикунони узбак ва бозии ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 7-уми ноябр бо футболбозони Туркманистон хоҳад буд.

Танҳо се тим аз миёни ширкаткунандагони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 ҳаққи ширкат дар мусобиқоти ниҳоиро дарёфт хоҳанд кард.

Охирин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё соли гузашта дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид ва тими мунтахаби Жопун унвони қаҳрамони мусобиқоти Осиёро ба худ ихтисос дод.