Тими ҷавонони Тоҷикистон бозӣ бо Кувайтро бохт

  • 28 Сентябр, 2013
Тими футболи ҷавонони зери 16-соли тоҷик
Image caption Нахустин бохти тими футболи ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё (Акс аз сойти Федеросиюни футболи Тоҷикистон)

Шоми рӯзи ҷумъаи 27-уми сентябр тими футболи ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон дар даври чаҳоруми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» бозиро бо тими мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 1 бар 2 бохт.

Бозии даври чаҳоруми марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 дар варзишгоҳи Сабоҳ ал-Салим дар пойтахти Кувайт баргузор гардид.

Футболбозони Кувайт ҳарду голро дар замони изофӣ ба нишон расонданд, ки ин бохт вазъи тими ҷавонони тоҷикро дар ин мусобиқот вахим сохт.

Чикашӣ Сузукӣ, мутахассиси жопунӣ ва сармураббии тими миллии ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон, ҳануз аз дақоиқи аввал ҳамон 11 бозикуни ин тимро, ки чаҳор рӯз қабл тими Бутонро бо ҳисоби калони 12 бар 0 мағлуб карданд, вориди майдон кард.

Дар даври аввали ин мусобиқот тими мунтахаби Тоҷикистон шонси беҳтаре барои расидан ба даври ниҳоӣ дошт.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар нахустин бозии худ бо тими мунтахаби ҷавонони Ҳиндустон бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд, аммо тими мунтахаби Бутонро бо ҳисоби бузурге мағлуб карданд.

Аммо тими мунтахаби Ҳиндустон тими Бутонро бо ҳисоби 8 бар 1мағлуб кард.

Натоиҷи холҳои бадаст овардаи тимҳо дар гурӯҳи "А"чунин аст: Кувайт бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал, Ҳиндустон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум, Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум, Лубнон бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва тими Бутон аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум шуд.

Рузи якшанбеи 29-уми сентябр дар даври ниҳоии ин мусобиқот Тоҷикистон бо Лубнон ва Ҳиндустон бо Кувайт бозӣ хоҳанд кард.