4-1: Пирӯзии тими мунтахаби Тоҷикистон бар Қирғизистон

  • 16 Октябр, 2013
Image caption Тоҷикистон 4-1 Қирғизистон

Тими миллии Тоҷикистон шоми сешанбе, 15-уми октябр дар як бозии дустона бо тими миллии Қирғизистон, дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуданд.

Бозигарони тими миллии Тоҷикистон дар қисми аввали бозӣ ҷараёни бозиро таҳти кунтрул гирифта ва Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фарҳод Тоҳиров ва Соҳиб Савонқулиев ҳар кадоме муваффақ шудаанд, як гулӣ ба дарвозаи мизбонон бизананд. Танҳо гули тими миллии Қирғизистонро Аҳлиддин Исроилов дар дақиқаи 48-уми бозӣ ба нишон расонд.

Далерҷон Тухтасунов, мудофеъи тими миллии Тоҷикистон ва Мака Кам муҳоҷими тими миллии Қирғизистон барои вайрон кардани қавоид корти сурх гирифта ва аз майдон берун шудаанд.

Нахустин бозӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 1993 мусовӣ 1-1 ба поён расида буд. Аз он замон тимҳои миллии ҳарду кишвар нӯҳ бор бо ҳам бозӣ карда, ҳафт маротиба тими мунтахаби Тоҷикистон ва ду маротиба мунтахаби Қирғизистон пирӯз омадаанд