Футболи ҷавонон: Тоҷикистон - Кувейт 5-0

Тими ҷавонони зери 16-соли Тоҷикистон дар бозии санҷишии мусобиқоти интихобии Қаҳрамонии Осиё бар тими ҷавонони зери 15-соли Кувейт бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуд.
Ин бозӣ рӯзӣ душанбе 16-уми сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Кувейт баргузор шуд. Дар дақиқаи 20-ум Муҳаммадҷони Ҳасан нахустин тупи ин бозиро вориди дарвозаи тими қувейтӣ намуд.
Тупи дуюмро дар дақиқаи 29-ум Собирҷон Гулаков вориди дарвозаи тими ҷавонони Кувейт кард.
Дар охарин лаҳазоти қисми аввали бозӣ Ҳокимҷони Ҳасан гули сеюмро вориди дарвозаи тими ҷавонони Кувейт намуд.
Дар дақиқаи 48-уми қисми дуюми бозӣ, Рустам Толибов ва Ҳикматулло Муллодустов ҳар кадоме як гулӣ ба дарвозаи рақибон заданд.
Чикаши Сузукӣ, сармурабии тими мунтахаби ҷавонони зери 16-соли Тоҷикистон дар мусоҳиба бо сойти расмии Федеросиюни Футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки тими мунтахаби ҷавонони кишвар бозии хуб нишон дода, аммо дар баъзе лаҳазот ҷавонони тоҷик ҳанӯз ҳам камтаҷрибаанд.
23-уми сентябр тими мунтахаби ҷавонон зери 16-соли Тоҷикистон дар гурӯҳи (А) бо тими Бутан, 27-уми сентябр бо Кувейт ва 29-уми сентябр бо Лубнон рақобат хоҳад кард.
