"Истиқлол" ва "Регар-ТадАз" ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд

Тимҳои футболи лиги олии Тоҷикистон, "Истиқлол" ва "Регар-ТадАз" дар мусобиқоти ниҳоӣ барои дарёфти ҷоми ин кишвар баранда шуда ва ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд.
Ин ду тим рӯзи шанбе дар даври ниҳоии ҷоми Тоҷикистон дар финол бо ҳам бозӣ хоҳанд кард.
Даври ниманиҳоии мусобиқоти лиги олии футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 1 октябр баргузор шуд. Тими "Истиқлол"-и Душанбе ва "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров дар майдоне бо чамани маснуъӣ дар шаҳри Душанбе бозӣ доштанд.
Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи тими "Истиқлол" ба анҷом расид. Тӯбҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев ва Александр Кудряшов дар ин бозӣ ба нишон расонданд.
Дар бозии дигар, "Вахш"-и Қурғонтеппа дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и ин шаҳр бо "Регар-ТадАЗ"ба рақобат пардохт. Ин бозӣ бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи "Регар-ТадАз" ба поён расид. Дар ин бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов тӯбҳоро ба нишон расонд.
Бозии финол ва ё ниҳоӣ барои дарёфти ҷоми Тоҷикистон 5 октябр баргузор хоҳад шуд.
Қаблан гуфта шуда буд, ки мусобиқоти ниҳоӣ барои дарёфти ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, аммо ба далели омода набудани ин варзишгоҳ барои бозӣ макони баргузории он ҳанӯз мушаххас нашудааст.
