Футболбозони Эрон ҷавонони тоҷикро шикаст доданд

  • 9 Октябр, 2013
ҷавонони зери 19-сол
Image caption Футболбозони ҷавони тоҷик ба ҷавонони эронӣ бо ҳисоби 0-2 бохтанд

Рузи сешанбе 8-уми октябр дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар”-и Кирмони Эрон бозии футболбозони ҷавонони Эрону Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин бозӣ дар даври интихобӣ барои роҳёбӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи “Осиё-2014” миёни ҷавонони тоҷику эронии зери 19-сола дар гурӯҳи D баргузор гардид ва ҷавонони Эрон дар ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ҷавонони тоҷикро мағлуб карданд.

Бозии навбатии ҷавонони тоҷик рӯзи панҷшанбеи 10-уми октябр бо тими Арабистони Саудӣ ва бозии сеюм ва ниҳоӣ бо тими мунтахаби ҷавонони Лубнон 12-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба муқарароти мусобиқот 9 гурӯҳи дар даври аввали мусобиқот пирӯзомада ва шаш тими беҳтарин ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии “Осиё-2014”, ки соли оянда дар Миёнмор баргузор мегардад, роҳ меёбанд.