Тими миллии футзоли Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳ ёфт

Тими миллии футзоли Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 дар бозии ниҳоии худ бо тими Туркманистон, ки рӯзи 7 ноябр дар Тошканд баргузор шуд, бо ҳисоби 5 бар 4 ин тимро шикаст дода ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2014 роҳ ёфт.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 соли оянда дар Ветном баргузор мешавад.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқот шаш имтиёз ба даст оварда ва дар гурӯҳи "А" пас аз Узбакистон дар радаи дувум қарор дорад.
Дар қисмати аввали бозӣ футболбозони туркман ба таври ғайримунтазира пайи ҳам се голи беҷавоб ба дарвозаи тими мунтахаби Тоҷикистон ворид намуданд.
Аммо то поёни қисми аввал аз тими Тоҷикистон Хуршед Мустафоев ду тӯб ва Шерзод Ҷумаев як тӯб вориди дарвозаи тими Туркманистон карда ва тавонистанд ҳисобро баробар кунанд.
Дар оғози қисми дувуми бозӣ тими мунтахаби Туркманистон боз як тӯб вориди дарвозаи Тоҷикистон кард ва ҳисоб 4 бар 3 ба фоидаи бозигарони туркман шуд.
Аммо футболбозони тоҷик Мансур Мамедбоев ва Шерзод Ҷумаев ҳар кадоме яктӯбӣ вориди дарвозаи ҳарифони худ карданд ва мувафақ шуданд, ки ҳисоби бозиро 4 ба 5 ба фоидаи худ тағйир диҳанд.
