Футзол: Узбакистон бо ҳисоби 5 бар 4 Тоҷикистонро мағлуб кард

Дар даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014, ки 6-ноябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор шуд, тими футзоли Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 5 аз тими Узбакистон шикаст хӯрд.
Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар сифр ба фоидаи тими Узбакистон поён ёфт ва аммо дар қисмати дувум бозикунони тоҷик муваффақ шуданд 4 тӯбро вориди дарвозаи ҳарифони худ кунанд. Аммо футзолбозони узбак се тӯби дигарро ба нишон расонданд.
Рӯзи чаҳоршанбе бозии миёни Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳисоби мусовӣ, 2 бар 2, поён ёфт.
Футзолбозони тоҷик рӯзи 5 ноябр дар нахустин бозиии худ дар даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 бо ҳисоби 8 бар 4 тими Қирғизистонро шикаст доданд ва тими Узбакистон дар ин рӯз бо ҳисоби 10 бар 1 тими Туркманистонро ба зону нишонд.
Аз рӯйи дарёфти имтиёзҳо дар ин мусобиқот Узбакистон дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дуюм аст. Қирғизистону Туркманистон мутаносибан ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро ба худ ихтисос доданд.
Рӯз панҷшанбеи 7 ноябр тими мунтахаби Тоҷикистон дар охирин бозии худ дар ин мусобиқот бо тими мунтахаби Туркманистон бозӣ хоҳад кард.
Аз гурӯҳи "А" се тим ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014, ки соли оянда дар Виетном баргузор мешавад, роҳхат хоҳанд гирифт. Дастаи Узбакистон, ки имтиёзоти бештареро дар ин мусобиқот ба даст овардааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охираш ин роҳхатро дар даст дорад.
Аммо тими мунтахаби Тоҷикистон дар сурати бохт дар бозӣ бо Туркманистон ин роҳхатро аз даст медиҳад. Вале агар бозиро мусовӣ кунад ва ё дар бозии охир пирӯз шавад, ин тим метавонад пас аз Узбакистон дувумин роҳхат ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014-ро дарёфт кунад.
