Федеросиюни футболи Тоҷикистон аз фаъъолиятҳои молияш гузориш дод
Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар иқдоме камсобиқа ва зимни натиҷагирӣ аз мавсими футбол будҷеи соли 2013-и худро бо арқоми даромаду махориҷаш дар сойти расмии худ мунташир кардааст.
Дар гузориши Федеросиюни футбол омадааст, ки дар соли 2013 даромади ин федеросиюн болиғ бар чаҳор милюну 371 ҳазору 730 сомонӣ ва махориҷаш 610 сомонӣ камтар аз ин будааст.
Қисми аъзами ҳазинаи ин федеросиюн ба нигаҳдории тимҳои футболи кишвар ихтисос дода шудааст, ки барои он аз будҷеи федеросиюн ду милюну 106 ҳазору 501 сомонӣ ихтисос дода шудааст. Дар ҷои дувум ҳуқуқи кормандони Федеросиюни футбол ва мураббиёни тимҳо бо харҷи 844 ҳазору 818 сомонӣ аст.
Ҳамчунин дар ин гузориш маблағи кумакҳои молии Федеросиюни Футболи Ҷаҳонӣ, Федеросиюни Футболи Осиё, сарпарастон, ҳаққи узвияти гурӯҳҳои футболи кишвар, даромадҳо аз фуруши билет, махориҷи нигаҳдории тимҳои футбол, пардохти молиёт, махориҷи мусобиқоти футбол, харидории фановариҳо, ҳазинаҳои идорӣ ва ҳазинаҳо барои таблиғ ва бозорёбӣ ба таври комил оварда шудааст.
