Тавофуқи федеротсиюнҳои футболи Тоҷикистону Эрон

  • 3 Март, 2014

Федеротсиюнҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи тавсеъаи ҳамкориҳо Ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Федеротсиюни футболи Тоҷикистон, ин санад аз ҷониби Рустами Эмомалӣ ва Алӣ Кафашёнӣ, руасои федеротсиюнҳои Тоҷикистону Эрон ба имзо расидааст.

Тибқи ин санад ҷонибҳо дар заминаҳои омӯзишӣ, машқу омодагии футболбозон ба бозиҳо ва мусобиқот миёни дастаҳои мухталифи ин ду кишвар, бахусус, дастаҳои наврасону ҷавонон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Зимнан, бозии футбол дар Эрон дар ҳоли рушд арзёбӣ шуда, дастаи мунтахаби ин кишвар ба Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар Брозил дар тобистони соли ҷорӣ роҳхат гирифтааст.