Пирӯзии тими футболи “Истиқлол” дар Ҷоми «Баҳористон»

  • 11 Феврал, 2014
пирӯзии тими футболи "Истиқлол"Image copyrightBBC World Service

Тими "Истиқлол"-и Душанбе бо касби шаш имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқоти “Баҳористон” қарор дорад.

Барои дарёфти ҷоизаи осоишгоҳи “Баҳористон”, воқеъ дар шаҳри Қайроққум, дар шимоли Тоҷикистон, тимҳои футболи “Истиқлол”, “Хайр” ва “Далерон-Ӯротеппа” аз Тоҷикистон ва тимҳои “Жетису”, “Оқтеппа” ва “Қизилҷар” аз Қазоқистон, ки дар ин осоишгоҳ барои мавсими ҷадиди футбол омодагӣ мебинанд, ширкат доранд.

Ин мусобиқоти футбол рӯзи ҷума 7 феврал дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд оғоз шуда то 23 феврал идома хоҳад кард.

Дар даври аввали бозиҳои Ҷоми осоишгоҳи “Баҳористон” тими “Истиқлол” дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 3 бар сифр мағлуб кард.

Бозии дуввуми “Истиқлол” барои дарёфти Ҷоми “Баҳористон” рузи душанбе 10 феврал бо тими “Далерон-Ӯротеппа” баргузор гардид.

Дар ин бозӣ низ тими “Истиқлол” бо ҳисоби 4 бар 1 дастаи “Далерон-Ӯротеппа” –ро шикаст дода бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқоти “Баҳористон” қарор дорад.

Ахиран тими “Истиқлол” бо Хуршед Маҳмудов, ниммуҳофизи тими мунтахаби Тоҷикистонро, ки қаблан дар дастаи “РегарТадАз” бозӣ мекард, то поёни мавсими ҷадиди футбол қарордод ба имзо кард.

Фардо, рӯзи чоршанбе 12 феврал, тими “Истиқлол” бо тими “Оқтеппа” - и Қазоқистон ва тими “Хайр”- и шаҳри Ваҳдат бо тими “Далерони Ӯротеппа” рақобат хоҳанд кард.