Тими Тоҷикистон дар радабандии ФИФО боло рафт

  • 14 Феврал, 2014

Тими Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар радабандии Федеросиюни байналмилалии футбол беҳтар кард.

Дар радабандии ҷадиди ин федеросиюн, ки рӯзи панҷшанбеи 13 феврал дар вебсойти расмии он мунташир шуд, тими мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузашта се рада боло рафта, дар ҷойи 110 қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев аз миёни 47 тими кишварҳои Осиё дар радаи 14 қарор дорад.

Дар садри ҷадвали беҳтарин тимҳои футболи ҷаҳон мунтахаби Испониё ва баъдан Олмону Оржентин ҳастанд.