Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дубора сармурабии тими "Регар-ТадАЗ" шуд
Image copyrightBBC World ServiceМаҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки чанд муддат сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол U-21 буд, дигарбора вазифаи сармураббигарии тими "Регар ТадАЗ"-ро, ки ҳафт маротиба унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футболро ба худ ихтисос додааст, бар зима гирифт.
Оқои Ҳабибуллоев 48 сол дорад ва шурӯъ аз соли 2001 ба унвони сармурабии тими футболи "Регар ТадАЗ" фаъолият дошт ва танҳо дар тобистони 2013 ба далели вазъи саломаташ аз симати сармурабии ин даста канор рафт.
Наҷмиддин Толибов давоми шаш моҳ аз тобистони соли гузашта то ҳол сармурабии тими "Регар ТадАЗ" буд. Дар ин муддат ин тим дар мусобиқоти футболи кишвар ва мусобиқоти байналмилалӣ 9 бозӣ анҷом дода дар панҷ бозӣ пирӯз ва ду мусовӣ ва ду бозиро бохтааст.
Соҳибназарон ва мутахасисони соҳаи футбол мегӯянд, ки тими футболи "Регар ТадАЗ" дар давоми 14 сол барои нахустин бор дар ҷадвали мусобиқоти футболи Тоҷикистон бо дарёфти 33 имтиёз мақоми чорумро касб кард.
Тибқи иттилоъи сойти расмии федеросиюни футболи Тоҷикистон то чанд муддати дигар оқои Ҳабибуллоев ҳамзамон сармураббии тими футболи ҷавонони зери 21 сол ва ё U-21 боқӣ хоҳад монд.
Сармурабии ҷадиди дастаи футболи “Регар-ТадАЗ"-и ноҳияи Турсунзода дар мусоҳибааш бо гузоришгарони сойти федеросиюни футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки ин даста сарфи назар аз мушкили молии корхонаи Олюминиуми Тоҷик, ки сарпарасити аслии тими "Регар ТадАЗ" аст, бо тамоми нерӯ ва қудраташ ба мавсими ҷадиди футболи кишвар ва мусобиқоти байналмилалӣ омодагӣ мегирад.
