Ҳузури 12 довари тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии футболи соли 2014

Федеросиюни Байналмилалии Футбол (ФИФО) феҳристи доварон дар мусобиқоти байналмилалии футболро дар соли 2014 мунташир кардааст, ки дар миёни онҳо 12 нафар аз Тоҷикистон низ ҳастанд.
Мусобиқоти байналмилалии футболро дар соли 2014 чаҳор нафар доварони аслӣ - Равшан Эшматов аз шаҳри Қурғонтеппа, Хуршед Дадабоев аз Хуҷанд, Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ва Парвиз Муртазоев аз шаҳри Душанбе доварӣ мекунанд.
Ҳамчунин, шаш нафар аз ёварони доварони аслии мусобиқоти футбол аз Тоҷикистон Баҳром Саъдуллоев аз Қурғонтеппа, Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе, Ҳайбулло Нарзуллоев ва Дилшод Назиров аз ноҳияи Ҳисор, Ҳасан Каримов аз Норак ва Акмал Буриев аз ноҳияи Турсунзода ҳастанд.
Ду довари дигар аз Тоҷикистон, ки дар бахши мусобиқоти футзоли ФИФО дар соли 2014 доварӣ хоҳанд кард, Комил Қурбонов аз ноҳияи Турсунзода ва Рустам Нуров аз Душанбе ҳастанд.
