Тими ҷавонони тоҷик ба мусобиқоти "Ҷоми Иттиҳод-2014" омодагӣ мебинад

  • 7 Январ, 2014

Рӯзи душанбеи 6 январ тими футболи ҷавонони зери 21 соли Тоҷикистон даври дувуми омодагиҳо барои ширкат дар мусобиқоти “Ҷоми иттиҳод-2014”-ро дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе оғоз кард.

Мусобиқот барои дарёфти ҷоми кишварҳои ҳамсуд ва “Ҷоми Иттиҳод-2014” ба торихи 24 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот футболбозони зери 21 сол аз тамоми ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ширкат мекунанд.

Тибқи иттилоъи сойти Федеросиюни футболи Тоҷикистон, дар ҳайъати тими мунтахаби кишвар 20 футболбоз ҳастанд ва 24 январ дар рӯзи аввали ин мусобиқот ҷавонони тоҷик дар гурӯҳӣ "А" бо ҳамтоёни худ аз Эстунӣ, 25 январ бо тими Қирғизистон ва 27 январ бо ҷавонони укройнӣ бозӣ хоҳанд кард.

Дар чорчӯби дувумин даври омодагиҳо ҷавонони тоҷик ду бозӣ анҷом медиҳанд - 12 январ бо тими мунтахаби Тоҷикистон ва 18 январ бо тими “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ хоҳанд кард.

Футболбозони ҷавони тоҷик то 19 январ дар ин давраи омодагиҳо ширкат хоҳанд кард.