Футболбози саршиноси “Помир” раҳбари тими мунтахаби футболи Тоҷикистон шуд

  • 1 Июл, 2013

Федерасиюни футболи Тоҷикистон аз таъйини як футболбози саршиноси даврони Шӯравӣ ба унвони раҳбари тими мунтахаби футболи ин кишвар хабар додааст.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, масъулони Федерасиюни футболи Тоҷикистон бо Муҳсин Муҳаммадиев, футболбози саршиноси даврони Шӯравӣ ба тавофуқ расидаанд, ки оқои Муҳаммадиев барои се соли оянда мураббии тими мунтахаби футболи ин кишвар бошад.

Сухангӯйи ин ниҳод, рӯзи душанбеи 1 июл ба расонаҳои гуфтааст, ки қарор аст, дар робита ба ин рӯйидод фардо ин ниҳод нишасти хабариеро бо ширкати оқои Муҳаммадиев доир ва дар ҷараёни он қарордоди ҳамкориҳоро ба имзо расонанд.

Муҳсин Муҳаммадиев дар канори Владимир Ғуломайдаров, Рашид Раҳимов, Эдгар Гесс, Абдуғаффор Юлдошев ва амсоли онҳо дар миёни бисёре аз ҳаводорони тими футболи “Помир” машҳур буд.

Ин тим ҳануз дар солҳои 1950-уми қарни гузашта бо номи тими “Болшевик” таъсис ёфт ва дар соли 1969 ба “Помир” табдили ном кард.Тими "Помир" дар соли 1988 ба лиги бартари футболи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфт ва яке аз тимҳои муваффақи он замон маҳсуб мешуд.

Бисёре аз футболбозони тими “Помир” баъд аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бо мулоҳизоти амниятӣ ин кишварро тарк карданд ва ба тимҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ пайвастанд.