Футбол: 'Равшан'-и Кӯлоб ба масофи 'Ас-Сувайқ'-и Умон меравад

  • 10 Апрел, 2014
Image copyrightBBC World Service

Баъд аз зуҳри имрӯз, 10 апрел, соъати 15:00 ба вақти маҳаллӣ, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии гурӯҳи “А” миёни тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва тими “Ас-Сувайқ”-и Умон дар даври панҷуми ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё AFC-2014 баргузор мегардад.

Тибқи барномарезиҳои ин кунфедеросиюн, қарор буд ин бозӣ рӯзи 9 апрел баргузор шавад, аммо ба далели саривақт нарасидани футболбозони тими “Ас-Сувайқ” ба Тоҷикистон бозӣ як рӯз ба тавиқ уфтод.

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти хабарие, ки 9 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Дилшод Шарифов, мудири молии тими “Равшан”-и Кӯлоб, гуфт, ки истеъфо хоҳад кард ва ин охирин бозиест, ки ӯ ба ҳайси мудири молии ин тим дар он ширкат мекунад.

Доварии аслии ин бозиро Чо Вини 40-сола ва Мое Аунг ва Зейн Хон, ёварони доварони аслӣ аз Миёнмар ба Душанбе омадаанд. Азиз Усмонов, довари узбакистонӣ, ба ҳайси довари эҳтиётӣ ҳузур дорад.

Дар дидори қаблии тимҳои “Равшан” ва “Ас-Сувайқ”, ки 25 феврал дар Умон баргузор шуд, тими “Равшан” бо ҳисоби 1 бар 3 аз “Ас-Сувайқ” шикаст хӯрд.

Бозии баъдии даври панҷуми ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё ба торихи 23 апрел баргузор хоҳад шуд, ки он замон “Сафо”-и Лубнон бо “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ас-Сувайқ”-и Умон бо “Зат Рас”-и Урдун миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.