Ҳашт тӯпи лубнониҳо ба дарвозаи тими "Равшан"-и Кӯлоб
Тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб дар мусобиқоти ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё-2014 ҳеҷ имтиёзеро ба даст наовард.
Тими “Равшан”, қаҳрамони лиги олии футболи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 23 апрел дар охирин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё-2014 бо ҳисоби калони ҳашт бар сифр шикаст хӯрд.
Дар бозии гуруҳи "А" рақиби тими “Равшан” тими “Сафо”-и Лубнон буд ва бозӣ дар варзишгоҳи “Спорт-ситӣ” дар Бейрут баргузор шуд.
Бозикунони тими “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ҳамаи шаш бозӣ шикаст хӯрданд, бидуни дарёфти ягон имтиёз аз ҳаққи идомаи бозӣ барои дарёфти ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё-2014 маҳрум шуданд.
Ба ин тартиб, тими “Сафо”-и Лубнон бо 16 имтиёз дар садри ҷадвал, “Зот-Рос”-и Урдун бо 11 имтиёз дар радаи дувум, “Ас-Сувайқ”-и Умон бо ҳафт имтиёз дар мақоми севум ва “Равшан”-и Кӯлоб бидуни имтиёз дар радаи охар қарор доранд.
