Довари ӯзбак ба Брозил меравад

  • 16 Январ, 2014

Равшан Эрматов, довари ӯзбак, танҳо доваре дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин аст, дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Брозил дар тобистони соли ҷорӣ ширкат хоҳад кард.

Ба ин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ аз Русия ва Укройн, ки сатҳи мусобиқоти дохилии футболи ин кишварҳо дар муқоиса ба Ӯзбакистон хеле болост, доваре даъват нашудааст.

Оқои Эрматов барои аввалин бор дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Офриқои Ҷанубӣ дар тобистони соли 2010 ба ҳайси довар ба майдон баромада буд.

Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ Равшан Эрматов бо маҳорати баланди худ шӯҳратёр шуда ва доварии бозии хеле муҳими ниманиҳоӣ ба ӯҳдаи ӯ вогузор шуда буд.

Ҳамчунин, дар се соли ахир оқои Эрматов дар бозиҳои Ҷоми Конфедеротсиюн, Бозиҳои Тобистонаи Улумпики Лондон, Ҷоми Осиё ва мусобиқоти ниҳоии бошгоҳҳои дастаҳои қораи Осиё доварӣ кардааст.

Зимнан, шоми душанбеи 14 январ дар шаҳри Сурихи Суис Кумитаи доварони Федеротсиюни Ҷаҳонии Футбол (ФИФА) феҳристи доварони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Брозилро эълом кард.

Аз миёни 43 кишвари ҷаҳон 25 дастаи доварон ва 8 дастаи эҳтиётии онҳо баргузида шуда, Равшан Эрматов довари асосии яке аз дастаҳо ва Абдуҳамидулло Расулов ва Баҳодур Қӯчқоров, ёварони довар аз Ӯзбакистону Қирғизистон интихоб шудаанд.

Дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Брозил бештари доварон (9 нафар) аз Урупо буда, аз қораҳои Осиё, Офриқо, Омрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ аз 3 то 5 нафар довар ширкат хоҳанд кард.

Матолиби муртабит